Ефим Давидович Бляхер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ефим Давидович Бляхер
Ефим Давидович Бляхер
Зодгоҳ:

Гомель , ҶШС Белорусия, СССР

Фазои илмӣ:

фалсафа

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои фалсафа

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Ефим Давидович Бляхер (тав. 27. 03. 1931, ш. Гомели ҶШС Белорусия – ваф. маълум нест) — олим, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1970), дотсент (1973).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1954 шӯъбаи забон ва адабиёти факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ро хатм кардааст. Солҳои 1954–1958 муаллими мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Шаҳринав, 1958–1964 муаллими омӯзишгоҳи рассомии ш. Душанбе буд. Солҳои 1958–1962 дар шӯбаи ғоибонаи Донишкадаи фарҳангшиносии ш. Ленинград, 1964–1967 дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе таҳсил намудааст. Солҳои 1967–1976 ба ҳайси муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Аз соли 1976 ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба кор гузашт ва фаъолияти омӯзгориашро ҳамчун муаллими ҳамкор дар донишкадаи омӯзгорӣ давом дод.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи зиёда аз 20 корҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмию назариявии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи маорифи ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]