Размюз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ефрейтор)
Размюз
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌یوز
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Размовар
Дараҷаи поинтар Сарбоз
Ҳамто

Размюз (форсӣ: رزم‌یوز‎) — дараҷае сарбозӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ба сарбозони омӯзишдида ба подоши дастовардҳояшон дода мешавад; ефрейтор[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Сарбоз

Размюз
Дараҷаи болотар:
Размовар

Размюз дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми ёвари фармондеҳи радаро дорад ва дар сурати ниёз метавонад муваққатан фармондеҳии радаро ба уҳда гирад.

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Размюз (порсии миёна: razm-yōzразмҷӯй’ < паҳлавӣ: razmyōzбарангезанда ба разм, размангез’) аз ду вожа сохта шудааст: разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ, рада” < эронии бостон: √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан”) + юз (порсии миёна: yōz < порсии бостон: *i̯auź- : i̯uź-ангезондан; бар ангехтан; ҷустан”)[2].

Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «ҷустан» (юз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Размюз» ба маънои «размҷӯй, ҷангҷӯй, ҷанговар»[3] дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Зи баҳри тилоя яке кинатӯз,
Фиристод бо лашкари размюз[4].

«Размюз» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «ефрейтор» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[5].

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Дараҷаи низомии размюз аз мақоми ёвари фармондеҳи рада дар куҳантарин замонҳо реша мегирад. Чунончи, дар сипоҳи Ҳахоманишиён даҳабад ёваре дошта, ки ба забони порсии бостон: *pasča-daθapati- хонда мешуда ва нигаҳбони пушти даҳа ё фармондеҳи панҷ сарбоз будааст[6].

Ефрейтор ҳамчун дараҷаи сарбозӣ дар Артиши Сурх дар соли 1940 ҷорӣ шуда ва ҷойгоҳе болотар аз қаторӣ ва поинтар аз сержанти хурд дошт[7]. Ин дараҷаро сарбозоне дарёфт мекарданд, ки давраҳои омӯзиши размро гузаронда ва симатҳои зеринро доштанд:

  • тирандоз, норинҷакандоз, тирбор, тактирандоз-нишонзан дар нерӯҳои ҳавобурд, зиреҳсавор, марзбонӣ, ки дар онҳо ёвари фармондеҳи рада аст.
  • ронандаи худрав, ронандаи зиреҳпӯш, ронандаи тонк.
  • нишонгир дар нерӯҳои зиреҳӣ.
  • нишонгир дар оташбор.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа аз 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]