Jump to content

Евгений Бертелс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Е. Э. Бертелс)
Евгений Бертелс
русӣ: Евгений Эдуардович Бертельс
Таърихи таваллуд 13 (25) декабр 1890[1], 25 декабр 1890(1890-12-25)[1] ё 1890[2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 октябр 1957(1957-10-07)[3][4][5][…] ё 1957[2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шарқшиносӣ, эроншиносӣ ва туркшиносӣ[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Мукофоти сталинӣ

Евге́ний Эдуа́рдович Берте́лс (13 (25) декабри 1890, Санкт-Петербург — 7 октябри 1957, Маскав) — шарқшиноси рус, доктори илмҳои филология (1935), профессор (1928), узви вобастаи АИ ИҶШС (1939), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1944) ва ҶШС Тоҷикистон (1946), узви вобастаи Фарҳангистони улуми Эрон (1944), узви фахрии АИ ҶШС Туркманистон (1951), узви вобастаи Академияи улум дар Димишқ (1955), узви фахрии АИ ҶШС Ӯзбекистон (1956).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети ҳуқуқи Донишгоҳи Санкт-Петербург (1914). Чанд муддат ҳамчун ҳуқуқшинос кор кардааст. Евгений Бертелс аз ҷавонӣ ба мустақилона омӯхтани забонҳои форсӣ ва туркӣ машғул гардид. Соли 1918 ба шуъбаи шарқии факултети илмҳои ҷамъиятии Донишгоҳи Петроград дохил шуд ва ҳамзамон дар Консерваторияи Петроград таҳсил мекард. Пас аз хатми донишгоҳ (1920), ба вазифаи ходими илмии Осорхонаи Осиё ва муаллими Институти забонҳои муосири Шарқ (Ленинград, 1921-38) таъйин гардид. Мудири шуъбаи таъриху забоншиносии Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1932−35) буд.

Аз солҳои 20 садаи XX то охири умр диққати асосии Евгений Бертелс ба омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи адабиёти халқҳои Эрон ва Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, адабиёти форс-тоҷик равона гардида буд. Нахустин фаъолияти илмии Евгений Бертелс аз омӯзиши осори Низомии Ганҷавӣ (1923), намояндагони адабиёти тасаввуфӣ Аттор (1924), Бобокӯҳии Шерозӣ (1924), Шайх Наҷмуддини Кубро (1924), Абдурраҳмони Ҷомӣ (1925), Саноӣ (1925), Абдуллоҳи Ансорӣ (1925) ва диг. оғоз ёфтааст. Баъд аз таъсиси ҶМШС Тоҷикистон (1924) дар замоне, ки душманони миллати тоҷик мавҷудияти ин халқро инкор мекарданд, аз байни тамоми шарқшиносони олам Евгений Бертелс якумин муҳаққиқе буд, ки бо ишора ба китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ, мақолаҳои «Абдуллатифи Балхӣ — шоири тоҷики асри XIX», «Мирзо Содиқи Муншии Ҷондорӣ — шоири тоҷик», «Давлатшоҳи Самарқандӣ» мавҷудияти адабиёти тоҷик ва намояндагони ҷудогонаи онро дар Мовароуннаҳр ва берун аз ҳудуди он тасдиқ кардааст. Ӯ мақолаҳои «Адабиёти тоҷик», «Сад-риддин Айнӣ» ва инчунин мақолаҳои ҷудогонаро дар солҳои 30 садаи XX дар бораи адибон ва шоирони тоҷик барои нашри якуми «Энсиклопедияи Бузурги Шӯравӣ» ва ҳам барои «Энсиклопедияи Хурди Шӯравӣ» навиштааст. Мақолаҳои Евгений Бертелс «Дар бораи забони адабии тоҷик» (1930), «Вазъияти омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик» (1933), «Тадқиқоти лингвистӣ дар Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС» (1934), «Роҳҳои офариниши луғатҳои тоҷикӣ» (1934), «Забоншиносон дар ҷумҳурии ҳафтуми Иттифоқӣ» (1934), «Классикони марксизм-ленинизмро ба забонҳои шарқӣ тарҷума мекунем» (1934), «Дастнависҳои асарҳои Аҳмади Калла» (1936), «Адабиёти халқҳои Осиёи Миёна аз замонҳои қадим то асри XV» (1939), «Эҷодиёти Амир Хусрав ва моҳияти он барои адабиёти халқҳои Осиёи Миёна» (1943), «Форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ» (1950), «Намунаи насри бадеии тоҷикии асри XII» (1953), «Ҷашни Сада дар назми форс-тоҷик» (1953), муқаддима ба китоби С. Айнӣ «Мирзо Абдулқодир Бедил» (1955), тақриз ба китоби Г. И. Козлов «Тафовут байни забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ» (1949) ва рисолаҳои «Очерки таърихи адабиёти форсӣ» (1928), «Ҷомӣ» (1949), «Абулқосим Фирдавсӣ ва эҷодиёти ӯ» (1935) ва ғ., тақриз ва ахбору хулосаҳои ҷудогона дар бораи даҳҳо адибон, шоирон ва олимони гузаштаи форс-тоҷик, аз қабили Саъдӣ, Носири Хусрав, Абуалӣ ибни Сино ва диг. ӯро ба хулосае меорад, ки адабиёти классикии ин ду халқи бародари эронизабон — тоҷикон ва форсҳо муштарак мебошад. Фаъолияти илмии Евгений Бертелс доир ба адабиёти форс-тоҷик ва адабиёти тоҷик (баъд аз садаи XVI) доманадор буда, он ҳам доираи дуру дарози таърихиву адабиро аз Авесто то ба нимаи аввали садаи XX дар бар мегирад, ҳам ба тамоми ҳавзаҳои ин адабиёт аз Мовароуннаҳру Хуросон сар карда то Қафқозу Ироқи Аҷам ва Ҳиндустон дахл менамояд. Сабку услуб ва мактабҳои адабии гуногунро чун хуросонӣ, ироқӣ, бедилӣ ва ғ. омӯхта, дар бораи онҳо андешаҳояшро иброз доштааст.

Евгений Бертелс дар байни эроншиносони олам ҳамчун асосгузори матншиносии адабиёти классикии форс-тоҷик дар эроншиносии рус эътироф гардидааст (таҳияи чопи интиқодии «Бахтиёрнома» (1926), «Дастурнома»-и Низории Қуҳистонӣ (1926), «Искандарома»-и Низомии Ганҷавӣ ва роҳбарӣ ба таҳияи матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ғайра). Ӯ дар омӯзиш ва тарҷумаи осори илмиву адабии адибони халқҳои туркзабон (озарбойҷониҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо) саҳми арзанда дорад.

Евгений Бертелс мутарҷими боистеъдод аз забонҳои гуногуни халқҳои Шарқ, махсусан аз забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ ба забони русӣ буд. Ӯ «Гулистон»-и Саъдӣ (1922), «Булбулнома»-и Фаридуддини Аттор (1923), «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ (1923), «Сафарнома»-и Носири Хусрав (1933), «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус (1953), «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ ва ғ-ро аз забони асл ба русӣ тарҷума кардааст.

Евгений Бертелс забоншинос низ буд («Грамматикаи забони форсӣ», 1926; «Сохти забони пашту», 1936; «Лаҳҷаи қандаҳории забони пашту», 1935; «Ахбори кӯтоҳ дар хусуси забони афғонӣ, фонетика ва алифбои он», 1950 ва ғайра).

Ҳангоми фаъолияти кориаш дар Институти забонҳои муосири Шарқ, Донишгоҳи давлатии Ленинград (1924-46) даҳҳо шарқшиносони тоҷик, ӯзбек, туркман, озарбойҷонӣ, гурҷӣ ва дигаронро ба воя расондааст, ки онҳо олимони маъруфи соҳаи илмҳои филология шуданд. Бо ташаббуси Евгений Бертелс ҳангоми кораш дар Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ҷавонони тоҷик А. Мирзоев, М. Фозилов, Д. Тоҷиев, А. Эшонҷонов ва диг. барои таҳсил ба Ленинград фиристода шуданд.

Евгений Бертелс дар ҷашнҳои ҳазораи Фирдавсӣ (1934) ва Абуалӣ ибни Сино (1954) дар Теҳрон, Конгресси 3-юми байналмилалӣ доир ба санъат ва бостоншиносии Эрон дар Маскав ва Ленинград (1935), Конгресси 23-юми байналмилалии шарқшиносон дар Кембриҷ (1954) иштирок намудааст.

  • Заметки по поэтической терминологии персидских суфиев. — М.: Главная редакция восточной литературы, 1965.
  • Великий азербайджанский поэт Низами. — Баку: АзФАН, 1940.
  • Махтум-Кули о художественном творчестве // Совет Эдебиети. — Ашхабад, 1944. — № 7. — С. 128—138.
  • Неджеф-оглан, туркменский роман о поэте // Белек [дар] С. E. Малову. — Фрунзе, 1946.
  • Роман об Александре и его главные версии на Востоке. — М. — Л.: Изд-во АН СССР, 1948.
  • Избранные труды. — М.: Издательство «Наука», 1960, 1962, 1965, 1988.
  • Персидский театр. Л., 1924;
  • Очерк истории персидской литературы. Л., 1928;
  • Учебник персидского языка. Л., 1932;
  • Абул-Касим Фирдоуси и его творчество. Л. — М., 1935;
  • Персидская поэзия в Бухаре Х в.. Л., 1935;
  • Низами Гянджави. Искандар-намэ. Ч. I, Шараф-намэ, Баку, 1940;
  • Навои. М.-Л., 1948; Джами. Сталинабад, 1949;
  • История персидско-таджикской литературы. М., 1960;
  • Низами и Фузули. М., 1962; Суфизм и суфийская литература. М., 1965;
  • Навои и Джами. М., 1965;
  • Вопросы иранской филологии. М., 1986.

Ҷоизаву орденҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Милибанд С. Д. Востоковеды России. М., 2008.