Жак-Анж Габриэл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Жак-Анж Габриэл
фр. Ange-Jacques Gabriel
Ange Jacques Gabriel door Jean-Baptiste Greuze Louvre.jpg
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Санаи таваллуд

23 октябр 1698(1698-10-23)[1][2] ё 26 октябр 1698(1698-10-26)[3]

Зодгоҳ
Санаи марг

4 январ 1782(1782-01-04)[1][2] (83 сол) ё 2 январ 1782(1782-01-02)[3] (83 сол)

Маҳалли марг

Анж-Жак Габриэл (фр. Ange-Jacques Gabriel); ё Жак-Анж Габриэл, ҳамчунин Габриел (23 октябр 1698, Порис — 4 январи 1782, ҳамон ҷо) — меъмори фаронсавӣ, президенти Академияи меъморӣ ва «меъмори аввали шоҳ» (1742), яке аз асосгузорони класситсизм.

Дар назди падараш — меъмори маъруф Жак Габриэл (Габриели V) ва Академияи меъмории Порис (аз соли 1718) таҳсил кардааст. Сохтмонҳои Жак-Анж Габриэл бо содагию равшании тарҳ, шакли возеҳи меъморӣ, мӯҷазии корбурди ҷузъиёти ороишӣ фарқ мекунанд (бозсозии қисми шимолӣ ва навсозии андаруни қасрҳо дар Версал, 1734-74; Театри операи Версал, 1763-70; Трианони Хурд, 1762-54). Дар лоиҳаи майдони Людовики XV дар Порис (1753-75, ҳоло майдони Ризо) Жак-Анж Габриэл аз усулҳои класситсизм истифода кардааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Всеобщая история архитектуры. Т. 7-11. М., 1969-73;
  • Кантор А. М., Кожина Е. Ф., Лифшиц Н. А. Искусство XVIII века //Малая история искусств. М., 1977;
  • Новая российская энсиклопедия. Т. IV (1). М., 2008.

Сарчашма[вироиш]