Jump to content

Жолаи Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Жола Бадеъ)
Жолаи Исфаҳонӣ
форсӣ: ژاله اصفهانی
Таърихи таваллуд: 1921
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 ноябр 2007(2007-11-29)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Жолаи Исфаҳонӣ (форсӣ: ژاله اصفهانی‎, маъруф ба Жола Бадеъ ва Жолаи Зиндарӯдӣ; 1921, Исфаҳон — 29 ноябри соли 2007, Лондон) — шоири эронӣ. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Жола Бадеъ соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаб дар Бонки миллӣ кор кардааст. Соли 1945 дар Табрез, дар мактаби ҳарбӣ, дарси адабиёт гуфтааст. Соли 1946 ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, соли 1952 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бокуро фарҷом бахшидааст. Соли 1959 вориди аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов шуда, соли 1960 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Вай 29 ноябри соли 2007 аз олам даргузашт.

Аввалин шеърҳояш соли 1938 оммавӣ шудаанд. Китобҳояш дар Душанбе, Боку, Маскав, Тошканд, Теҳрон, Лондон, Порис ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Гулҳои худрӯй» (Теҳрон, 1945), «Ёдгор» (Боку, 1950), «Модарон сулҳ мехоҳанд» (1956), «Армуғон» (Боку, 1956), «Дастагул» (1958), «Зиндарӯд» (1964), «Интизор» (1969), «Ҳангоми вафот»(1974), «Киштии кабуд» (1978), «Живая река» (Маскав, 1965), «Синий корабль» (Маскав, 1978), «Перелётные птицы» (Маскав, 1974) ва ғ. мебошанд. Муаллифи рисолаи «Шеъри нав дар Эрон» аст. Дар заминаи либреттои ӯ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Парасту» саҳнагузорӣ шудааст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 52 — 53 ISBN 978-99947-2-379-9