ЗИЛ
| | |
| | |
| Навъ | ширкати саҳҳомӣ ва ширкати саҳҳомии ом[d] |
|---|---|
| Листинг дар биржа |
Шаблон:MOEX Шаблон:MOEX |
| Соли таъсис | 1916 |
| Соли баста шудан | 2013 |
| Бунёнгузорон | Бародарон Рябушинский |
| Макон | |
| Бахш | Саноати автомобилсозӣ |
| Фароварда | truck[d], худрав ва яхдон |
| Гардиш | |
| Даромади амалиётӣ | |
| Даромади холис | |
| Ширкати модарӣ | Ҳукумати Москва |
| Ҷоизаҳо | |
| Вебгоҳ | amo-zil.ru |
«ЗТЛ» — тамғаи мошинҳои боркаш (истеҳсол аз 1924) ва сабукрав (аз 1936)-и заводи автомобилбарории ба номи И. А. Лихачеви ш. Маскав (Ҷамъияти саҳомии кушодаи Маскав, қадимтарин ширкати шӯравии автомобилсозӣ).
Завод солҳои 80 асри 20 автомобилҳои боркаши иқтидори муҳаррикашон то 154 кВт, массаашон аз 8,7 то 17,8 т, тавоноии борбардориашон то 3,5-10 т (дар як сол то 200 ҳазор истеҳсол шудааст), автомобилҳои сабукрави навъи олӣ (ҳаҷми кории муҳаррикашон 7,7 л, тавоноиашон 220 кВт, суръаташон то 190 км/соат) истеҳсол мекард. Автомобилҳои «Зил» нахустин мошинҳои шӯравӣ мебошанд, ки дар онҳо стартерҳои электрӣ, ҳаракатовари обии тормозҳо, генератори газӣ, қуттии интиқоли 5-зинагӣ истифода шудаанд. Ғайр аз ин дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо тамғаи «Зил» яхдонҳо ва дучарха истеҳсол карда мешуданд, ки сифати олӣ доштанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли ин навъи мошинҳо хеле кам гардида, завод муфлис шуд ва соли 2013 тамоман аз фаъолият бозмонд. «Зил» бо се ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зил // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Корхонаҳо аз рӯи алифбо
- Корхонаҳои бунёдшуда дар соли 1916
- Корхонаҳои басташуда дар соли 2013
- Мошинҳо аз рӯи алифбо
- Мошинҳо
- Pages using the Kartographer extension