Забони хоргӣ
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Забони Хоргӣ)
Забони хоргӣ — як забони эронии ҷануби ғарбӣ аст, ки дар ҷазираи Хорг дар халиҷи Форс дар Эрон такаллум мешавад.[1]
Табақабандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони хоргӣ бо забонҳои эронии устони Форсу забонҳои соҳили халиҷи Форс то тангаи Ҳурмузд иртибот дорад. [1] Ин забон, аввалин бор дар авохири даҳаи 1950-ум тавассути Ҷалол Оли Аҳмад, мустанадсозӣ шуд, ки дар қавмнигории худ аз 120 хонавори сокиноне, ки дар он замон дар ҷазираи Хорг сукунат доштаанд, гузориш дода, ки бештари онҳо аз навоҳии соҳилии Шаҳристони Тангистон муҳоҷират карда буданд ва танҳо ақаллиятӣ аз мардуми он бумӣ будаанд.[2] Гӯишварони бумии забони хоргӣ дар он замон ин забонро гӯйишиҳои наздик ба Тангистону Бушиҳрӣ донистаанд. [2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Borjian, 2019, p. 659.
- 1 2 Borjian, 2019, p. 660.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- حبیب برجیان (2019). «The Language of the Kharg Island». Journal of the Royal Asiatic Society 29 (4): 659–682. doi:10.1017/S1356186319000403.