Забони заргарӣ
colspan="2" class="infobox-above above" style="font-size:125%; color: white; background-color:
|
Сохташуда тавассути | пешаварон ва ақаллиятҳо | |
|---|---|---|---|
| Танзим ва истифода | Гурӯҳҳои иҷтимоъии хос | ||
| Ҳадаф | забони фаросохта
| ||
| Рамзҳои забон | ISO 639-3 | – |
Забони заргарӣ [1] як забони фаросохта аст, ки дар байни табақаҳои бозор роиҷ будааст. Асоси сохтани он ҳамон забонест, ки мардуми як деҳа ё як шаҳр бо он суҳбат мекунанд, вале вожаҳоро тавре дасткорӣ мекунанд, ки ғайр аз худи он гурӯҳ дигарон онро намефаҳманд. Ин навъ забонҳо дар миёни аснофу пешаварон ва гоҳе ақаллиятҳо, аз қабили яҳудиён ё гурӯҳҳои кӯчаке ба монанди кӯлиҳо (ҷӯгиҳо) ривоҷ дорад. Қидмати забонҳои сохтагӣ дар Эронзамин ҳаддиақал ба нахустин санади мавҷуд, ки дар соли 372-и қамарӣ навишта шудааст, бармегардад. Дар Вожанома Деҳхода ин забонҳо ба унвони лутер[2] ё лутро низ ном бурда шудаааст. Забони мурғӣ, забони сидӣ, забони ломӣ, забони гулисурхии пасрашӣ, забони гунҷишкӣ[3] ва монанди он он низ аз ҳамин хонаводаанд.
Бояд байни ин забон бо забони заргарии румону, ки дар бархе аз рустоҳои Эрон, масалан Обеки Қазвин, истифода мешавад, тафовут гузошт, зеро онҳо комилан аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар ин забон пас аз ҳар як аз ҳуруфи вожагон ҳарфи з илова мешавад; чунонки ҷумлаи «Ман меоям»-ро чунин мегӯянд: «Мазаназа мезиозоязамаза». Ин забон дар Дуруз, Аҳсо ва Димишқ низ маъмул аст ва зақзақа ва лисон-ул-асофир номида мешавад. [4] Забонест ғайримаъмул, ки ду кас бо ҳам қарор диҳанд ва чун бо якдигар сухан гӯянд, дигарон нафаҳманд. Дар ин забон одат бар он аст, ки ҳарфе махсусро дар ҳама вожагон табдил ба ҳарфи дигар (махсусан «з») кунанд.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Доктор Ҳойнриш Бругеш дар сафарномаи ҷомеъ ва интиқодии худ, ки дар солҳои 1859-1860-и мелодӣ дар бораи авзоъи иҷтимоӣ-сиёсии Эрон дар замони Носириддиншоҳи Қоҷор таълиф намудааст, тафовути ин забон бо забони заргарии румонуро мутаваҷҷеҳ нашуда ва роҷеъ ба забони заргарӣ чунин тавзеҳ медиҳад:
| Дар Кўшак мавқеияти хуберо, ки орзу мекардам, насибам шуд ва он ошноӣ бо марде аз тоифаи заргарҳо буд, ки қаблан аз урупоиёни муқими Теҳрон дар васфи онҳо достонҳои боварнакардании бисёр шунида будам. Борҳо барои ман таъриф карда буданд, ки заргарҳо ба аслу насби худ, ки гўё румону ҳастанд ифтихор мекунанд ва забони онҳо гарчи форсӣ аст, вале бисёре аз истилоҳоти юнониро махсусан дар шумориши аъдод ҳифз намудаанд. Ман натанҳо чунин иддаои сустиро ба ҳеч ваҷҳ ва дар ҳеч як аз маворид, мустанад ва қобили эътимод наёфтам, балки пай бурдам, ки дар ин забон бо талоше нофирҷом саъй мешавад забони форсиро ба тарзи худсаронае дулопаҳно адо кунад. Марди заргарро, ки дар Кўшак мулоқот кардем аз аҳолӣ ва мутаваллиди Ҳамадон буд. Калимоти форсии зер намунае аз баёноти он мард бо лаҳҷаи худаш аст: |
Дастури забон
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони заргарӣ дар ҳақиқат як забон нест, балки татбиқи рамзгузорӣ рӯи овоҳои вожаҳост. Бо ин тафсир бисёре аз забонҳоро метавон ба сурати заргарӣ баён кард, агарчи ин қоида то кунун танҳо рӯи забони форсӣ татбиқ шудааст. Барои баёни як вожа дар забони заргарӣ вожа ба ҳиҷоҳои ташкилдиҳандаи он тақсим мешавад. Ҳар ҳиҷои забони форсӣ бо сомит(ҳарфи бесадо) ва як мусаввит (ҳарфи садодор) шурӯъ мешавад. Дар забони заргарӣ ҳар ҳиҷо ду бор адо мешавад, бо ин тафовут, ки дар ҳиҷои дувум ҳарфи з ба ҷои садодори аввал меояд ва боқияи ҳиҷо ба ҳамон сурат талаффуз мешавад.
Ба мисолҳои зер таваҷҷуҳ кунед:
Пул = П+у+л = ҳамсадо + садонок + ҳамсадо = пузул
Бобо = бо + бо = бозо + бозо = бозобозо
Ту = Тузу.
Ман = Мазан (дар ин мисол ҳарфи "н" бахше аз ҳиҷои аввал буда, "з"-ро намегирад. Ҳамин тавр талаффуз мешавад)
Ӯ = Ӯзу
Дуб (ба монанди Дубби Акбар) = Дузуб
Хар = Хазаризӣ
Шумо = шу + мо = шузу мозо
Чиро = чи +ро = чизи розо
Танӣ = та + нӣ = таза низӣ
Киро (ба маънои "чи касеро") = ки + ро = кизи розо
Биё = би + ё = бизи ёзо
Читурӣ = чи+ту+рӣ = чизи тузу ризӣ
Мисол = ми + сол = мизи созол
You can = me + you + ni = mizi toozoo niz mizi toozoo niz
Китоб = ки + тоб = кизи тозоб (дар ин мисол ҳарфи "б" ҷузъи ҳиҷои дуюм буда, "з"-ро намегирад. Ҳамин тавр талаффуз мешавад)
Википедиё = ви+ки+пе+ди+а визи кизи пизи дизи ёзо
бозор = бо + зор = бозо розор
| Намуна | Ба заргарӣ баробар аст | Ҳиҷои ҷойгузин | Ҳиҷо |
|---|---|---|---|
| бобо | бозо бозо | CVzV | CV |
| дарё | дазарёзо | CVzVC | CVC |
Понавис
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-ef228bf89ab24220bb4cb51a1c083f8d-fa.html
- ↑ http://www.loghatnaameh.com/dehkhodasearchresult-fa.html?searchtype=0&word=2YTZiNiq2LE=
- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номиToolAutoGenRef1ворид нашудааст - ↑ لغتنامه دهخدا
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Луғатномаи Деҳхода, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1325
- Фарҳанги Муин
- Мусофирати суфарои Пурус ба Эрон - Ҳойнриш Бругеш
- Reise der K. Preußischen Gesandtschaft nach Persien - H. Brugsch