Зайналобуддин Кобулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайналобуддин Кобулӣ
Кобулиев Зайналобуддин Валиевич
Таърихи таваллуд 19 апрел 1962(1962-04-19)
Зодгоҳ ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 феврал 2022(2022-02-20) (59 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ профессор

Зайналобуддин Кобулӣ (Кобулиев Зайналобуддин Валиевич; 19 апрели 1962, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 20 феврали 2022, Душанбе, Тоҷикистон) — доктори илмҳои техникӣ (2007)[1], профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017)[2].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайналобуддин Кобулӣ зодаи соли 1962 Кӯлоб ва хатмкардаи ришати сохтмони мулкӣ ва саноатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишгоҳ кор дар ҳамин донишгоҳ ба унвони устоди кафедраи меъмории биноҳои саноатӣ ва мулкӣ оғоз ва то соли 1986 кор мекунад. Сипас, барои идомаи таҳсил ва тадқиқот ба Донишкадаи меъморӣ ва сохтмони ба номи В. В. Куйбишеви Маскав фиристода мешавад.

Солҳои 1991 аз шуъбаи аспирантураи ин донишкада фориғ мешавад ва дигарбора ба кор ба Донишгоҳи техникӣ бармегардад. Солҳои 1993 −2003мудири кафедараи донишгоҳ буд.

Баъдан, солҳои 2003—2004 муовини ректор дар умури таълим ва тарбияи Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон буд. Солҳои 2005—2006 дар вазифаи директори Китобхонаи давлатии патентию зеҳнии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҳамин солҳои рисолаи докторияшро ҳам дифоъ мекунад.

Соли 2007 вазифаи декани факултаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникоро дошт ва солҳои 2007—2009 роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ»-и шаҳри Душанбе буд.

Соли 2009 директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайин карданд, ки то соли 2020 дар мақом кор кард[3]. Баъдан то лаҳзаҳои охири умр мудири Озмоишгоҳи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикии пажӯҳишгоҳи мазкур буд.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайналобуддин Кобулӣ 20 феврали соли 2022 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе, дар 60-солагӣ даргузашт[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Кобулиев Зайналобудин валиевич. Физико-химические основы структурообразования теплофизические свойства материалов на основе минерального и растительного сырья. istina.msu.ru. ИСТИНА – Интеллектуальная Система Тематического Исследования НАукометрических данных. 21 феврали 2022 санҷида шуд.
  2. Академия наук Таджикистана обнародовала имена новых академиков и членкоров. Avesta - информационное агентство (18 июли 2017). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
  3. Таърихи Институт. www.imoge.tj. 21 феврали 2022 санҷида шуд.
  4. Даргузашти Зайнулобиддин Кобулӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо дар синни 60-солагӣ. asiaplustj.info. ASIA-Plus (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.