Зайнулобуддини Румӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Зайнулобуддини Румӣ
Зайнулобуддини Румӣ
Санаи таваллуд

номаълум

Зодгоҳ

ш. Ҳирот

Санаи марг

1475

Касб(ҳо)

навозанда

Зайнулобуддини Румӣ (Мавлоно Зайнулобуддини Румӣ, с. тав. номаълум, с. ваф. 1475 Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, донишманди форс-тоҷик. Давраи ибтидоии илм, ҳунарандӯзиаш дар зодгоҳаш (Ҳирот) гузашта, барои такмили дониш муддате ба Рум рафт. Сипас ба Ҳирот баргашт ва дар дарбори Темуриёни Ҳирот ба сифати китобдор хидмат намуд. Дар илмҳои дақиқ, фалсафа ва адабиёт, ҳунарҳои бадеӣ (хат, китобат, ороишгарӣ, ҳалкорӣ ва хотамкорӣ) исеъдоди хуб дошт. Дар мусиқии илмӣ ва амалӣ аз чеҳраҳои машҳури ҳавзаи ҳунарии Ҳирот маҳсуб шуда, бо донандагони созу овоз Устод Шодӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Исҳоқи Шиҳобӣ, Амир Муртоз, Хоҷа Абдулқодир, Ҳофизи Басир, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид ва дигарон ҳамкорӣ дошт. Дар суҳбати Ҷомию Навоӣ, машваратҳои адабӣ фаъол ширкат намуда, аз ишон дарси шеър ва илми бадеъ андӯхтааст. Дар мусиқии назарӣ рисолае нигошта, аҳли таҳқиқ (Абдулқодири Мароғӣ) пазируфта, дар шаклу анвои созию овозӣ («амал», «кор» «савт», «нақш», «пешрав») тасниф намудааст. Аз таснифоти мусиқиаш «Пешрави афшон», «Пешрави сақил» (ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ироқ»), «Пешрави фаръ» (ба мақоми «Ҳусайнӣ»), «Нақши хоҷагон», «Амали моҳрӯён» (ба мақоми «Наво») ва ғ. назди созан-даю хонандагони Ҳироту Рум маъруфу пазируфташуда. Зайнулобуддини Румӣ Табъи хуби шоирӣ дошт ва ашъори тасаввуфии марғуб мегуфта, соҳибдевон аст.

Адабиёт[вироиш]

  • Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тош., 1964;
  • Бобур, Бобурнома, Тош., 1993;
  • Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:7005-111.; ИВАН Уз. ССР;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988;
  • Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 72 ISBN 978-99947-49-13-3