Зайтун

Зайтун дарахтест ҳамешасабз. То 4-12м қат мекашад. Барги нештаршакл ё дарозрӯя (5-12см), гули сафед, меваи мудаввари сурхтоб ё сиёҳи донакдор (то 15г) донаки дарозрӯяи бӯртоби 1-2тухма дорад. Май-июн гулу, сентябр-декабр мева мекунад. Зайтун дарахти мевадиҳандаи гармобардор ва ба хушки тобовар мебошад. Зайтун 300—400 умр мебинад. Дар Тоҷикистон зайтунро намепарваранд, чунки онро сармо мезанад.