Jump to content

Замини Шимолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замини Шимолӣ
русӣ: Северная Земля
Нигора
Номида ба шарафи Николай II
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Қаламрави Красноярск[d]
Минтақаи замонӣ UTC+4
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси яхбастаи шимолӣ
Шумораи аҳолӣ
Баландӣ аз сатҳи баҳр 965 м
Таърихи кашф 1913
Масоҳат
  • 37 000 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
Гурӯҳи вобаста Category:Islands of Severnaya Zemlya[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Замини Шимолӣ (то соли 1926 — замини Император Николайи II) — галаҷазира дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар сарҳадди баҳрҳои Кара ва Лаптевҳо.

Дар самти шимолии нимҷазира Таймир воқеъ гашта, ба воситаи гулӯгоҳи Вилкиский (бараш 60-90 км) ҷудо шудааст. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба ҳайати Таймири (Долгану Ненеси) кишвари Красноярск мансуб мебошад. Замини Шимолӣ 4 ҷазираи калон (Револютсияи Октябр, Болшевик, Комсомолетс, Пионер) ва якчанд ҷазираи хурд (аз ҷумла Шмидт, Таймири Хурд, Старокадомск, Крупская ва ғ.) дорад. Масоҳати умумиашон тақр. 37 ҳазор км². Ҷазира бошанда надорад. Соҳилҳои ҷазираҳо ҷардор (300 м ва аз он баландтар), халиҷҳояш фордшакли амиқ. Галаҷазираҳо аз ҷинсҳои таҳшиншудаи (регсанг, варақсанг, мергел, оҳаксанг, доломит) метаморфию фишондашуда (диабазҳо, гранитҳо) иборатанд. Релефи ҷазираҳо пуштакӯҳ (ҷаз. Болшевик), кӯҳҳои пасти теппадор (ҷаз. Пионер), ҳамвориҳои баланд (аз с. б. то 200 м, ҷаз. Револютсияи Октябр) ва паст (ҷаз. Комсомолетс). Д.-ҳои Озёрная ва Ушаков (дар ҷаз. Комсомолес, дарозиашон 64 ва 58 км), д. Тора (дар ҷаз. Болшевик, дарозиаш 50 км), д. Сколистая (дарозиаш то 45 км) аз моҳи сентябр то июл яхпӯшанд. Кӯлҳо кам, масоҳати аксарияташон аз 3 км² зиёд нест. Кӯли калонтарин — Спортаковск дар ҷаз. Болшевик (масоҳаташ 60 км²). Иқлимаш баҳрию арктикӣ. Ҳарорати миёнаи солона то −14°С; тобистонаш кӯтоҳи сард, зимистонаш дароз (то 100 рӯз), бодҳои сахт (то 40 м/с) мевазанд. Ҳарорати миёнаи январ −280-300С, август аз 0,50 то 1,6°С; ҳарорати пасттарини зимистон то −500С. Тобистон — сертуман. Боришоти солона 150—450 мм, дар шимолу ғарби ҷазираҳо боришот зиёдтар аст. Масоҳати пиряхҳо 17472 км². Ба Замини Шимолӣ ландшафти биёбонҳои арктикӣ хос буда, заминаш регзор ва санглох аст. Наботот асосан ушна ва гулсангҳо, 61 намуд рустаниҳои гулдор дорад. Дар ҷазираҳои шимолӣ лемминг, рӯбоҳи шимолӣ, хирси сафед, дар ҷазираҳои ҷанубӣ гавазни шимолӣ вомехӯранд. Дар баҳрҳои атроф тюлени греландӣ, морж, заргӯши баҳрӣ ва белуха ҳаст. Дар Замини Шимолӣ 15 намуди паранда лона мегузоранд, аз ҷумла моҳихӯрак (чистик, люрик), мурғобии думдароз (морянка), чуғзи сафед, пуночка, лойхӯрак. Соли 1913 экспедитсияи Б. А. Вилкисский ҷазираҳоро кашф кард, баъдан экспедитсияи Ин-ти Арктика (бо роҳбарии Г. А. Ушаков, Н. Н. Урвансев) солҳои 1930-32 онро таҳқиқ намуд. Ҳамчунин бори охир марти 2016 экспедитсияи Арктика ва Антарктидаи Ин-ти илмӣ-таҳқиқотии ҳавошиносии Руссия (бо роҳбарии В. Соколов) ҷаз. Болшевикро таҳқиқ кардааст.