Заминковоккунак
Заминковоккунак, заминнармкунак — 1) мошин барои нарм кардани хоки яхбаста, ҷинсҳои кӯҳии тарқишдори устувориашон миёна, пӯшишҳои сунъии роҳ ва ғ. бо истифодаи қувваи кашиши ядакмошин (мас., трактор).
Олати асосии кории заминковоккунак дандонаҳои бузурги дар чавкот (рама) насбшуда мебошанд (нигар расм). Заминковоккунакҳо аз рӯи тарзи мустаҳкам кардани олати корӣ — овеза ва ядакӣ; аз ҷиҳати умқи нармкунӣ — умумӣ (умқи нармкунӣ то 1000 мм) ва таъйиноташон махсус (умқи нармкунӣ зиёда аз 1000 мм); аз рӯи иқтидори муҳаррики ядакмошин — хурдиқтидор (камтар аз 80 кВт), миёнаиқтидор (80-150 кВт), пуриқтидор (150—300 кВт) ва фавқулиқтидор (бештар аз 30 кВт); аз рӯи намуди сохти ҳаракатдиҳандаи ядакмошин тасмачархӣ ва чархӣ мешаванд.
заминковоккунак барои нармкунии сатҳии замин то 5 дандонаи ҷудошаванда дорад. Ҳангоми нармкунии амиқ ба он 1-3 дандонаро мечаспонанд. Баъзе заминковоккунакҳо барои тағйир додани кунҷи нармкунӣ, тағйирдиҳии масофаи байни дандонаҳо ва таъмини кор бо теладиҳанда афзори махсус доранд. Заминковоккунакро якҷо бо дигар мошинҳои заминков ҳангоми коркарди кушоди конҳо, бунёди чоҳбунҳо, наҳрҳо, кандани хандақҳо ва ғ. истифода мебаранд.
2) Ҷузъи олати хокбардор, ки барои нарм кардани замин ҳангоми коркарди зериобӣ бо асбоби лойкашак истифода мегардад. Заминковоккунаки пармакунандаи корддор, ки ҳангоми чарх задан теғҳои бурандаи он заминро нарм мекунад, фаровон истифода мешаванд. Ғайр аз ин заминковоккунакҳои ротории кафлездор низ маъмуланд. Онҳо аз ротор иборат буда, кафлезашон ҷинсҳои кӯҳиро аз хок ҷудо карда, ба афзори ҷазбкунанда интиқол медиҳад.
3) заминковоккунаки дастӣ, ки дар полиз истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заминковоккунак // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.