Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заминларза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марказҳои заминларза (1963-1998)

Заминҷунбӣ, заминларза — таконҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи заминӣ, тағйирёбандаи плитаҳои тектоникӣ. Тибқи ақидаҳои муосир, заминҷунбӣ раванди тағирёбии геологии сайёраро инъикос мекунад. Гумон меравад, ки қувваҳои заминшиносӣ ва тектоникии ҷаҳонӣ сабаби аслии заминларзаҳо мебошанд, аммо табиати онҳо дар айни замон пурра омӯхта нашудааст. Пайдоиши ин қувваҳо бо тағирёбии ҳарорат дар таги Замин алоқаманд аст. Аксари заминҷунбӣ дар канори плитаҳои тектоникӣ рух медиҳанд.

Бо дастгоҳҳои махсуси заминсанҷӣ ҳар сол зиёда аз як миллион зилзила қайд карда мешавад.

Паҳншавии мавҷҳои сунамӣ дар уқёнуси Ором, заминларзаи Ҷопон (2011)

Зилзилаҳои вулканӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зилзилаҳое, ки дар вулкан ё наздикии он ба вуҷуд омада, ба равандҳои вулканӣ во­бас­тагӣ доранд. Зилзилаҳои вулканӣ дар натиҷаи ҷунбишҳои гуногуни гео­тектоникӣ бо як қонунмандии муайян дар қаъри Замин ва сатҳи он ба амал меоянд. Ҳамчун дигар зилзи­лаҳои тек­то­никӣ манбаи зилзилаҳои вулканӣ дар ҷойҳое, ки тасмаҳои гео­логии ҷа­ҳонӣ – тасмаҳои уқиёнуси Ором ва Атлантикаю Ҳи­молой во­қеанд, ба вуҷуд меояд. Манбаъҳои зилзилаҳои вулканӣ дар атрофи вул­кан­ҳои мувофиқ дар ҳудуди нимқутри даҳҳо км дар умқи 1–10 км аз рӯи тартиби бузургӣ ҷойгир­шуда, маъмулан дар вақ­ти фаъол будани фазаи ихроҷи вулкан­ҳо дар натиҷаи ба рӯи Замин ихроҷ гардидани тафта (маг­ма) ва таркиши газҳои дохили он ба амал меоянд.

Сабабҳои зилзилаҳои вулканӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зилзилаҳои вулканӣ бинобар зиёд будани ҳодисаҳои зилзиланокие, ки энергияашон тақрибан баробар ва мавқеашон яксон мебошад, аксар гурӯҳ-гурӯҳ дар сатҳи замин пайдо мешаванд. Ман­баъ­ҳои онҳо дар ат­рофи каналҳои тафтаи ҳаракат­ку­нанда ё камераи вулканӣ воқеъ гардида, инчунин дар натиҷаи таркишҳое, ки их­ро­ҷи газҳо ба вуҷуд меоранд, пайдошавии тарқишҳо дар ҷинс­ҳои кӯҳии атроф ё ҷун­би­ши тар­қишҳои тектоникӣ пайдо мешаванд. Зилзилаҳои вулканӣ ҳангоми оташ­фишонӣ ё дар марҳалаи омо­дагӣ ба оташфишонӣ, ё ҳан­гоми оромиши вулкан ба амал омада, аз якчанд рӯз то якчанд моҳ ё сол гоҳе фаъол ва гоҳе суст давом мекунанд. Энергияи бузургтарини зилзилаҳои вулканӣ на­зар ба энергияи бузургтарини зилзилаҳои тектоникӣ хурд­тар мебошад. Нишона­ҳои зилзилаҳои вулканӣ дар шакли гудозаҳои шахшудаи вулкан­ҳои замоне хеле фаъол дар таърихи қадими геологӣ (аз 3–4 млрд то 100 млн сол) дар аксар гӯшаҳои замин вомехӯ­ранд. Дар ҳудуди Тоҷикистон охирин их­роҷҳои вулканӣ 70 млн сол қабл ба вуҷуд омадаанд. Чаш­маҳои гарм ва обҳои маъданӣ аломатҳои вулканизми қа­дим ҳастанд. Масъалаи пешгӯии зилзилаҳои вулканӣ ҳамчун пешгӯии зил­зила то ҳол ҳалли комили худро наёфтааст. Азбаски ҷои вулканҳо ба ҳама маълуманд, барои пешгӯии зилзила дар атрофи онҳо ша­ба­каҳои мушоҳадаҳои зилзилашиносӣ ва гео­физикӣ ташкил карда мешаванд. Ин шабакаҳо барои муайян кардани аломатҳои зилзилаҳои вулканӣ – сигналҳои суст ва пур­зӯ­ри зил­зилавӣ, тамоюл ва деформатсияи сатҳи замин, та­ғйир­ё­бии таркиби кимиёии атмосфера, обҳои зери­за­минӣ, майдони ҷози­бавӣ, магнитӣ, электрӣ, элект­ромаг­нитӣ ва ҳа­ро­ратӣ имкон медиҳанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Баньковский Л. В. 1 // Опасные ситуации природного характера: Учебно-методическое пособие. — 2-е. — Соликамск: РИО ГОУ ВПО «СГПИ», 2008. — С. 49—55. — 230 с. — ISBN 5-89469-002-1. Бойгонӣ шудааст 26 апрели 2025  сол.
  • Болт Б. А. Землетрясения. М.: Мир, 1981. 256 с.
  • Гир Дж., Шах Х. Зыбкая твердь: Что такое землетрясение и как к нему подготовиться = Terra Non Firma. Understanding and Preparing for Earthquakes / Пер. с англ. д-ра физ.-мат. наук Н. В. Шебалина. — М.: Мир, 1988. — 220 с. — 63 000 экз.
  • Завьялов А. Д. Среднесрочный прогноз землетрясений: основы, методика, реализация. // М.: Наука, 2006, 254 с.
  • Землетрясения // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  • Землетрясения в СССР. М.: Наука, 1990. 323 с.
  • Зубков С. И. Предвестники землетрясений. // М.: ОИФЗ РАН. 2002, 140 с.
  • Каррыев Б. С. Катастрофы в природе: Землетрясения. RIDERO. 2016
  • Каррыев Б. С. Вот пришло землетрясение. SIBIS. 2009
  • Ошибка: не задан параметр |заглавие= в шаблоне {{публикация}}.
  • Мячкин В. И. Процессы подготовки землетрясения. М.: Наука, 1978. 232 с.
  • Моги К. Предсказание землетрясений. М.: Мир, 1988. 382 с.
  • Мушкетов И. В. Каталог землетрясений в Российской империи. 1867—1916 Бойгонӣ шудааст 20 октябри 2021  сол. — СПб.
  • Огаджанов В. А. О проявлениях сейсмичности в Поволжье после сильных землетрясений в бассейне Каспийского моря. Физика Земли. 2002. № 4
  • Рихтер Ч. Ф. Элементарная сейсмология. М., 1963* Рихтер Ч. Ф. Элементарная сейсмология. М., 1963
  • Рикитаке Т. Предсказание землетрясений. М., 1975.
  • Соболев Г. А. Основы прогноза землетрясений. М.: Наука, 1993. 312 с.
  • Эйби Дж. А. Землетрясения = Earthquakes. — М.: Недра, 1982. — 50 000 экз.
  • Юнга С. Л. Методы и результаты изучения сейсмотектонических деформаций. М.: Наука, 1990. 191 с.