Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заминсози хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Заминсози хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон — унвони фахрӣ, ки онро Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 5 ноябри 1954[1] таъсис додааст.

Унвони «Заминсози хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» ба мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи заминсозӣ, ки аз рӯи ихтисоси худ на камтар аз 15 сол кор карда, дар соҳаи заминсозии колхозу совхозҳо, дар тараққиёти минбаъдаи хоҷагии қишлоқ, ҷорӣ намудану аз худ кардани усулҳои киштгардон, ба кор андохтани заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ ва сермаҳсулии чорво хидмати шоён кардаанд, дода мешуд. Ба шахсоне, ки ба ин унвон сазовор мешуданд, Грамотаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва нишони сарисинагӣ дода мешуд.

Заминсозони хидматнишондода

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба унвони «Заминсози хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» мутахассисони зерин ноил шудаанд:

  • 1955: В. Э. Вегман, Г. Н. Мавричев, А. Д. Парфенов, Д. Ф. Познитский;
  • 1957: С. С. Данилов, Г. П. Кравсов, М. П. Мурчич, Г. С. Рудой, А. Л. Соболевский;
  • 1960: С. Ф. Едренкин;
  • 1964: Ф. И. Головин, З. С. Остапченко, А. Тулибоев, В. Н. Шеваков;
  • 1974: С. Т. Дубаневич, Ф. М. Задорожная, А. З. Камолов, Б. Ли, Т. Худойбердиев;
  • 1976: В. К. Храменок;
  • 1977: К. Н. Наҷмиддинов;
  • 1979: Н. У. Умаров.

Унвони мазкур аз январи 1981 барҳам дода шуд.

  1. ↑ Звания почётные. www.booksite.ru. 3 июни 2025 санҷида шуд.
  • Заминсози хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.