Заминшиносии муҳандисӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Заминшиносии муҳандисӣ — яке аз бахшҳои заминшиносӣ, илм дар бораи сохт, хусусиятҳо ва инкишофи муҳити заминшинохтӣ дар қисми қишри Замин, самаранок истифодабарӣ ва ҳифзи он вобаста ба фаъолияти заминшинохтии инсон.

Вазифаҳои аслӣ[вироиш]

  • омӯзиши сохт ва қонунҳои ташаккулёбии шароитҳои муҳандисӣ-геологӣ, пешбинии тағйирёбии онҳо дар ҷараёни корҳои хоҷагидории муҳандисӣ;
  • асосноккунии муҳандисӣ-геологии чорабиниҳо барои истифодаи самаранок ва ҳифзи муҳити атроф.

Заминшиносии муҳандисӣ барои амалӣ гардонидани ин вазифаҳо усулҳои гуногун – мушоҳидаҳои табиӣ, озмоишҳои саҳроиву лабораторӣ, моделсозӣ, ҳисобу китоби назариявӣ, мушоҳидаҳои меъёрии собит, дигар усулҳои геологӣ ва махсусро истифода мебарад. Заминшиносии муҳандисӣ илмҳои заминшиносӣ, геодинамикаи муҳандисӣ, геологияи муҳандисии минтақавиро дар бар мегирад. Заминшиносӣ таркиб, сохт, хосияти хокҳо (заминҳо), қонунбандиҳои ташаккулу тағйирёбии онҳоро таҳти таъсири амалиёти муҳандисӣ-геологии инсон дар замону макон меомӯзад. Геодинамикаи муҳандисӣ механизм, сабабҳои геологию қонуниятҳои инкишофи равандҳои табиӣ ва муҳандисӣ-геологии муҳити геологиро (заминшиносиро) дар ҷараёни корҳои муҳандисӣ-геологӣ муайян менамояд. Геологияи муҳандисии минтақавӣ сохтор ва хусусиятҳои муҳити геологии минтақаҳои гуногуни қишри Замин, қонунҳои ташаккулёбии шароити муҳандисӣ-геологӣ ва дар вақту макон тағйирёбии онҳоро дар ҷараёни корҳои муҳандисӣ меомӯзад. Заминшиносии муҳандисӣ иншооти ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар умқи гуногуни ҳавзаҳои обӣ ҷойгиршударо таҳқиқ мекунад. Қисми зиёди иншоот дар минтақаи ба сатҳи болоии муҳити геологӣ наздик, ки бо мурури замон тағйир меёбад, воқеъ гардидаанд. Заминшиносии муҳандисӣ аз якчанд бахш – заминшиносии муҳанидсии шаҳрҳо ва минтақаҳои атрофи онҳо, заминшиносии муҳандисии конҳои ашёи минералӣ (заминшиносии муҳандисӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ), заминшиносии муҳандисии мелиоративӣ, заминшиносии муҳандисии сохтмони иншооти ҳидротехникӣ ва роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ иборат аст. Ҳар яке аз ин бахшҳо масъалаҳои мушаххаси ба худ хосро бо усулҳо ва фановариҳои мувофиқ ҳал менамоянд. Мас., заминшиносии муҳандисии конҳои ашёи минералӣ ҳалли масъалаҳои зеринро ба уҳда дорад: омӯзиши шароитҳои сохтмонӣ ва кӯҳиистихроҷӣ; омӯзиши сохтор, хосиятҳо ва устувории геологии анбӯҳи сангҳо бо мақсади муайянкунии таъсири онҳо ба мустаҳкамӣ ва устувории иншоотҳои кӯҳӣ-техникӣ; пешбинии шароити тағйирёбии геодинамикӣ дар ноҳияи иҷроиши корҳои кӯҳӣ; истифодаи самаранок ва ҳифзи муҳити атрофи корҳои кӯҳӣ. Омӯзиши масъалаҳои заминшиносии муҳандисии конҳои ашёи минералӣ дар марҳалаи иктишофи аввалияи конҳо оғоз шуда, дар марҳилаҳои иктишофи тафсилӣ, лоиҳакашию сохтмон ва истифодаи иншоотҳои муҳандисӣ вусъат мегирад. Дар давраҳои баъдии истифодаи кони ашёи минералӣ омӯзиши доимӣ ва ҳамарӯзаи масъалаҳои заминшиносии муҳандисӣ бо мақсади пешбинии мушкилоту масъалаҳои истихроҷ дар умқи поинии онҳо тавассути усулҳои геомеханикаи кӯҳӣ ташкил карда мешавад. Заминшиносии муҳандисӣ барои ҳалли чунин масъалаҳо дастовардҳои назариявӣ ва усулҳои геология, физика, механика, кимиё, риёзиёт, илмҳои иқтисодӣ-маишӣ, ҷуғрофия, илмҳои кӯҳкорӣ ва иншоотсозиро истифода мебарад. Заминшиносии муҳандисӣ пеш аз ҳама ба илмҳои ҳидрогеология, яхбандишиносӣ (яхшиносӣ), сангшиносӣ, тектоника ва геологияи динамикӣ пайвастагӣ дорад.

Пажуҳишҳои муҳандисиву заминшинохтӣ дар Тоҷикистон[вироиш]

Таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар Тоҷикистон солҳои 30 садаи XX оғоз ёфтанд. Бунёди шаҳрҳои нав ва корхонаҳои саноатӣ, сохтмони аввалин неругоҳҳои барқи обӣ, азхудкунии заминҳои нав, сохтмони шабакаҳои обёрӣ ба ташкил ва пешрафти таҳқиқотҳои заминшиносии муҳандисӣ мусоидат намуданд. Корҳои назарраси муҳандисӣ-геологӣ дар солҳои 40 садаи XX: асосноккунии сохтмони наҳри Вахш ва обёрии водии Вахш (Ф. И. Воронов, Н. Ф. Безобразова ва дигарон), обёрии водии Ҳисор (Д. И. Гордон ва дигарон), сохмони Канали Калони Фарғона, сохтмони НБО-ҳои Варзоб (Г. А. Абрамян), омӯзиши шароити сохтмони неругоҳҳои барқи обии Қайроққум, Сарбанд, Шаршара. Солҳои 50 садаи XX ҳаҷми корҳои геологӣ-муҳандисӣ бо мақсади сохтмони гражданӣ, ҳидротехникӣ, мелиоративӣ, роҳсозӣ хеле равнақ ёфт. Аввалин нақшаҳои калонмиқёси муҳандисӣ-геологӣ барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (А. А Мусаэлян, М. М. Исмоилов, В. И. Войтов) тартиб дода шуданд, таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ барои азхудкунии заминҳои нав дар водиҳои Ёвон, Обикиик, Қизилсу, Ёхсу, Бешкент (Е. Н. Сквалетский, З. А. Карасаева, З. В. Белская), теппаҳои Қумсангир, Ӯртабуз ва Роҳатӣ (С. Б. Беркович, З. Б. Белская, А.П. Сеславин), заминҳои Дилварзин, Янтоқ (С. М. Вайс), асосноккунии нақшаи энергетикии истифодаи д. Вахш (Е. С. Скрепко) анҷом ёфтанд. Дар солҳои 60 садаи XX барои асосноккунии сохтмони НБО-ҳои Норак, Роғун, обанбори Балҷувон дар д. Қизилсу, нақби обгузар аз обанбори Норак ба водии Данғара (Е. С. Скрепко, Э. Г. Саакян, К. С. Покаржевский ва дигарон), обёрии теппаҳои Ғаровутӣ, Қумсангир, Қаровултеппа ва ҳавзаи Данғара (Е. С. Сквалетский, К. А. Федермессер, А. В. Кудинов), ҳамчунин бо мақсади асосноккунии сохтмони заводи алюминии тоҷик, Комбинати электрокимиёии Ёвон, заводи нуриҳои минералии Вахш ва бисёр иншоотҳои сохтмони гражданӣ (М. Ф. Волгин, В. Е. Ковал, С. М. Алтухов ва дигарон) таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ доир шуданд. Соли 1964 бо мақсади асосноккунии корҳои сохтмони гражданию саноатӣ дар назди «Госстрой»-и ҶШС Тоҷ. Ин-ти таҳқиқоти муҳандисӣ (Тоҷик ГНИНТИЗ) ва бо мақсади омӯзиши ҳодисоти лағзиши замин ва селфуроӣ дар назди Саридораи геология партияи муҳандисӣ-геологӣ, солҳои 70 садаи XX бо мақсади ба низом даровардани таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ ва омӯзиши ҳодисаҳои экзогении геологӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ хадамоти махсуси назорат ва огаҳкунӣ аз ҳодисаҳои хатаровари геологӣ ташкил карда шуд, ки он беш аз 700 маҳалли зисти аз ҷиҳати муҳандисӣ-геологӣ хатарнокро дар ҳудуди ҷумҳурӣ муқаррар намудааст ва назорати доимиву пешгӯии дараҷаи хатарнокии онҳоро ба уҳда дорад. Яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар ин самт назорат ва пешбинии ҳолати сарбанди Усойи кӯли Сарез мебошад. Таҳияи нақшаҳо (харитаҳо)-и муҳандисӣ-геологӣ дар миқёси 1:50 000–1:25 000 ва хурдтар имкон дод, ки қонунҳои ҷойгиршавӣ ва ҷойивазкунии ҳазорҳо ҷои ҳодисоти лағзиш, омадани сел ва бавуҷудоии ҷариҳо муайян карда шаванд. Дар пешрафти таҳқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ дар Тоҷикистон С. Юсупова, А. А. Мусаэлян, В. В. Лим, Ҳ. Мирзобоев, И. Р. Ҳасанов, О. А. Романов, В. И. Преснухин, С. М. Виниченко, Ю. Ақдодов, Х. Х. Раҳимов, Г. О. Петросян, Р. Саидов, А. С. Ахмедов, Р. Шамсизода, олимони Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (Г. С. Золотарев, В. С. Федоренко, В. И. Липилин ва дигарон), ин -тҳои таҳқиқоти илмии шаҳрҳои Маскав, Лвов, Тошканд саҳми арзанда гузоштанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Вопросы гелогии и инженерной геологии Таджикистана. Д., 1971;
  • Проблемы инженерной геологии Таджикистана. Д., 1972;
  • Сквалецкий Е. Н. Инженерно-геологические условия Таджикистана // Геология СССР. Т. 41. Таджикская ССР. М., 1972.

Сарчашма[вироиш]