Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заминшиносии умумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Заминшиносии умумӣ — як фасли ҷуғрофиёи физикӣ, ки табақа (қишр, парда)-и ҷуғрофиёӣ, хусусиятҳои умумии сохту таркиб, пайдоиш ва инкишофи заминро меомӯзад. Манбаъ (объект)-и ин таҳқиқ дарки сохторҳо, робитаҳои дутарафаи берунӣ ва дарунии он, равандҳо (ҳодисаҳо)-и дар дохилу рӯи Замин ҷараёнгиранда, динамика, таҳаввулоти ҷуғрофиёии тамоми қишр ва ё минтақаҳои калони ҷудогона мебошад.

Заминшиносии умумӣ бо маҷмӯи илмҳои соҳавии геодезия, геоморфология, иқлимшиносӣ, ҳидрология, яхшиносӣ, криолитология зич алоқаманд аст. Заминшиносии умумӣ ҳамчун соҳаи илми мустақил дар асри 17 (Б. Варениус) ба вуҷуд омад. Ба соҳаи илми заминшиносии физикӣ табиатшиноси олмонӣ А. Ҳумболт асос гузошт. Бори нахуст дар нимаи аввали асри 19 истилоҳи «заминшиносии умумӣ»-ро ҷуғрофиёдони олмонӣ К. Риттер истифода бурд. Дар илми заминшиносии умумӣ мушоҳидаи бевоситаи обу ҳаво аз ҷониби пойгоҳи обуҳавошиносӣ, ҳидрологӣ, уқёнусшиносӣ муҳим аст. Мушкилоти асосии заминшиносии умумӣ устувории қишри ҷуғрофиёии Замин ва дурнамои тағйироти он дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйироти ғайричашмдошти муҳити атроф вобаста ба рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва шумораи истеъмолгарон, ивазшавии иқлим ва буҳрони маҳаллии экологӣ мебошад.