Заминларза дар Афғонистон (июни 2022)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Заминларза дар Афғонистон
Кишвар
Макони кунунӣ
Замони вуқуъ 22 июн 2022
Шумори захмиҳо 1 543[3][4][5]
Шумори ҷонбохтагон
Mercalli intensity scale Mercalli scale VIII[d]
Жарфои амудӣ 10 км
Хештеги AfghanistanEarthquake
Тасвири нақшаи мавқеият
Заминларза дар Афғонистон (июни 2022) дар харитаи
Заминларза дар Афғонистон (июни 2022)
Заминларза дар Афғонистон (июни 2022)

22 июни соли 2022 дар соати 02:24 ба вақти маҳаллӣ (UTC+4:30) дар Афғонистон дар наздикии хатти Дуранд, ки Афғонистон ва Покистонро ҷудо мекунад, заминларзаи шиддаташ 6,2[6] (тибқи ҳисобҳои дигар — 5,9[6] ё 6.1[7]) рух дод. Ҳадди ақал 1500 кас кушта шуданд, ки ин маргбортарин заминларзаи соли 2022 гардид ва 2000 каси дигар маҷрӯҳ шуданд[8].

Пешзамина[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазъият дар Афғонистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2021 созмони ҳарсосафкани Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст овард. Бисёре аз созмонҳои байнулмилалии башардӯст ба далели нигарониҳои амниятӣ ва вазъи бади ҳуқуқи башар дар Афғонистон фаъолияташонро дар ин кишвар қатъ кардаанд. The Washington Post тахмин мезанад, ки ин метавонад амалиёти наҷотдиҳӣ дар кишварро ба таври назаррас суст кунад[9].

Тайи даҳ соли охир бар асари заминларзаҳо беш аз 7000 нафар дар Афғонистон кушта шудаанд, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 560 касро ташкил медиҳад[10]. Бар асари заминларзаи шадид дар соли 2015 дар шимолу шарқи Афғонистон беш аз 200 нафар дар ин кишвар ва дар Покистони ҳамсоя кушта шуд[11]. Дар соли 2008 заминларзаи 6,4 дараҷаӣ дар ғарби Покистон 166 нафарро кушт; лағзиши заминларза чанд деҳаро хароб кард. Заминларзаҳои шадиди солҳои 2002 ва 1998 мутаносибан беш аз ҳазор ва тақрибан 4700 касро кушта буданд[12].

Мавқеъияти заминсохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нақшаи марзи сафҳаи заминсохтии Осиёи Ҷанубӣ. Афғонистон дар самти чап аст

Бахши бештари Афғонистон дар минтақаи тағйири шакли қорраӣ дар дохили сафҳаи Авруосиё ҷойгир аст. Фаъолияти ларзаӣ дар Афғонистон аз фурӯрониши сафҳаи Арабистон дар ғарб ва фурӯрониши сафҳаи Ҳиндустон дар шарқ таъсир мерасонад. Суръати фурӯрониши сафҳаи Ҳиндустон дар марзи ҳамгирои қорраӣ 39 миллиметр дар як сол ё бештар аз он шумурда мешавад. Тарофишориш мушоҳида мешавад. Ларза дар умқи 300 километр ба сабт шудааст ва дар асари фурӯрониши сафҳаҳо ба вуҷуд омадааст. Чаман[en] — бузургтарин гусали тародис аст, ки дар он заминларзаҳои сахт бо гипомаркази наонқадар жарф рух медиҳанд; дар байни сафҳашои Авруосиё ва Ҳиндустон марзи тарфишориширо ташкил медихад. Ин минтақа аз гусалҳои рондагӣ ва буришии фаъоли ларзаӣ[13] иборат аст.

Баҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахуст Созмони заминшиносии ИМА аз заминларзаи 6,1 дараҷа дар умқи 10 километр хабар дод, баъдан он ба 5,9 дараҷа коҳиш ёфт. Созмони заминшиносии ИМА инчунин гузориш дод, ки он ё дар имтидоди гусали самти чапи шимолу шарқ ё дар гусали самти рости шимолу ғарб рух додааст[14]. Расадхонаи GEOSCOPE аз заминларзаи 6,2 дараҷа дар умқи 6 километр[6] хабар дод. Маркази заминларзанигории Аврупо-Миёназамин хабар дод, ки шиддати он 6,1 дараҷа[15] будааст. Марказ ҳамчунин хабар дод, ки заминларзаро дар радиуси беш аз 500 километр ҳадди ақал 119 миллион кас эҳсос кардаанд[16].

Асарот[вироиш | вироиши манбаъ]

Афғонистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақомот гуфтанд, ки бар ассари заминларза дар маҷмуъ дастикам 1500 кас кушта ва дастикам 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд[8]. Ин маргбортарин заминларза дар 20 соли охир дар Афғонистон аст[17]. Заминшиноси Созмони заминшиносии ИМА гуфт, ки заминларза аз сабаби кам будани умқи гипомарказ ва рӯмаркази заминларза дар як минтақаи пураҳолӣ, ки сохтимонҳои тобовар ба заминларза пешбинӣ нашудаанд, харобиовар буд[9].

Чандин хонаҳои бисёрҳуҷрадор хароб шуданд[18]. Лағзиши замин ба амал омад.

Покистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Лаккӣ-Марват бар асари уфтодани сақф як кас ба кушта шуд[19].

Амалиёти наҷот[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлати Афғонистон амалиёти наҷотро дар ин кишвар созмонедҳӣ кард[20]. Мақомот мегӯянд бо пешрафти амалиёти наҷот, эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад[21]. Бисёре аз маҷрӯҳон бо чархбол мунтақил шуданд. Чархболҳо низ дору ва маводди ғизоиро ба минтақа расонданд[22]. Сарпарасти нахуствазири Афғонистон Ҳасан Охунд гуфт, ки барои осебдидагон аз заминларза 1 миллиард афғонӣ ҷудо карда шуда, ба минтақаҳо кумаки изтирорӣ расонида мешавад[23].

Сухангӯ аз ниҳодҳои имдодӣ хоста буд, ки барои ҷилавгирӣ аз буҳрони инсонӣ тадорукоти изтирориро барои осеб дидагон фароҳам кунанд. Мақомоти Покистон ҳеч гуна хисорот дар кишварро таъйид накардаанд[21]. Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфтааст, ки ин созмон омодаи кумак аст[24]. Муовини намояндаи вижаи Дабири кулл барои Афғонистон изҳор дошт, ки ӯ дар ҳоли арзёбии ниёзҳои қурбониён аст[25].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Padshah S., Ives M. At Least 1,000 Killed in Afghanistan Earthquake, Officials Say (ингл.) // The New York Times / D. BaquetManhattan, NYC: The New York Times Company, A. G. Sulzberger, 2022. — ed. size: 1122400; ed. size: 1132000; ed. size: 1103600; ed. size: 648900; ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
  2. Petrova S., Marsi F., Hatuqa D. Afghanistan earthquake latest: Hundreds killed in major tremor (ингл.) // Al Jazeera English — 2022.
  3. 3.0 3.1 https://www.washingtonpost.com/world/afghanistan-earthquake-kills-at-least-155-people/2022/06/22/9c555e1c-f1ea-11ec-ac16-8fbf7194cd78_story.html
  4. 4.0 4.1 https://www.independent.co.uk/asia/south-asia/afghanistan-earthquake-death-toll-2022-b2106632.html
  5. 5.0 5.1 https://www.aljazeera.net/news/politics/2022/6/22/%D8%B9%D8%A7%D8%AC%D9%84-%D8%A7%D9%84%D9%85%D8%AA%D8%AD%D8%AF%D8%AB-%D8%A8%D8%A7%D8%B3%D9%85-%D8%AD%D8%B1%D9%83%D8%A9-%D8%B7%D8%A7%D9%84%D8%A8%D8%A7%D9%86-%D8%A7%D8%B1%D8%AA%D9%81%D8%A7%D8%B9
  6. 6.0 6.1 6.2 Super Utilisateur. Geoscope - Earthquake description(англ.). geoscope.ipgp.fr. 22 июни 2022 санҷида шуд.
  7. अफगानिस्तान भूकंप: पक्तिका प्रांत में आया 6.1की तीव्रता का भूकंप, मृतकों का आंकड़ा स्पष्ट नहीं। - khabri.live(ҳин.) (22 июни 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  8. 8.0 8.1 زلزال أفغانستان.. عدد القتلى يرتفع إلى 1500 وهيئات إنسانية تدعو الغرب لتجاوز موقفه من طالبان لإغاثة المنكوبين(ар.). www.aljazeera.net. 23 июни 2022 санҷида шуд.
  9. 9.0 9.1 1,000 dead, 1,500 injured in Afghan quake, news report says, Washington Post. Проверено 22 июни 2022.
  10. Afghan earthquake: At least 1,000 people killed and 1,500 injured, BBC News (22 июни 2022). Проверено 23 июни 2022.
  11. At least 1,000 killed after strong earthquake jolts Afghanistan(англ.). www.aljazeera.com. 23 июни 2022 санҷида шуд.
  12. More than 1,000 people killed after magnitude 5.9 earthquake hits eastern Afghanistan(англ.). CNN. 23 июни 2022 санҷида шуд.
  13. (2005) «Seismotectonic Map of Afghanistan, with Annotated Bibliography». Open-File Report 2005–1264. Санҷида шуд 22 июня 2022.
  14. M 5.9 - 46 km SW of Khōst, Afghanistan(англ.). USGS (22 June 2022).
  15. Earthquake, Magnitude 5.9 - CENTRAL AFGHANISTAN - 2022 June 21, 20:54:36 UTC(англ.). EMSC-CSEM. 22 июни 2022 санҷида шуд.
  16. At least 1,000 killed by magnitude-6.1 earthquake in Afghanistan, ABC News (22 июни 2022). Проверено 22 июни 2022.
  17. Afghanistan earthquake kills 950, toll likely to rise(англ.). South China Morning Post (22 June 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  18. 280 People Killed, 600 Injured as Earthquake Hits Khost, Paktika(англ.). Bakhtar (22 June 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  19. لکی مروت میں زلزلے سے چھت گرگئی، ایک شخص جاں بحق (ur) (22 июни 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  20. At least 920 dead after 6.1-magnitude quake hits Afghanistan(англ.). the Guardian (22 June 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  21. 21.0 21.1 Hermes Auto. At least 900 killed in overnight Afghanistan earthquake: Minister | The Straits Times(англ.). www.straitstimes.com (22 June 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  22. Yawar, Mohammad Yunus. Afghan quake kills at least 920; toll expected to rise, Reuters (22 июни 2022). Проверено 22 июни 2022.
  23. 1 Billion Afs Allocated to Earthquake Victims of Paktika, Khost Provinces(англ.). Bakhtar News Agency (22 June 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  24. آمادگی هلال احمر ایران برای کمک به زلزله زدگان افغانستان(форсӣ). خبرگزاری مهر | اخبار ایران و جهان | Mehr News Agency (22 июни 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.
  25. Afghanistan earthquake death toll surpasses 1,000(англ.). ThePrint (22 June 2022). 22 июни 2022 санҷида шуд.