Замин (ҳунари ороишӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Замин» — таг, пасманзар, ҷузъи ҳунарҳои ороиши амалӣ ва тасвирӣ, ки акс ё нақш дар заминаи он канда, дӯхта ё кашида мешавад.

Рассомон, наққошон, кандакорон, ҳаккокон, гулдӯзон аз усулҳои гуногуни «Замин» истифода мекунанд. Ҳангоми офаридани асари тасвирӣ, мас. портрет рассом бо тасвири манзараи деҳ ё шаҳр, намои берун ё дохили бино, табиат ва ғ. тавассути «Замин» дар бораи муҳити атроф, тарзи зиндагии қаҳрамон ва мақому манзалаташ маълумот медиҳад. Дар санъати тасвирӣ «Замин» бештар барои тақвияти дидгоҳ ва андешаҳои амиқи бадеию зебоишиносӣ ва фалсафии эҷодии рассом ҷузви муҳим ба шумор меравад. Дар кандакории рӯи чӯб ва санъати ҳаккокӣ «Замин» унсури умумӣ буда, вобаста ба навъи нақш, услуб, инчунин завқи хосси ҳунарманд мавриди истифода қарор мегирад. Дараҷаи бадеияти нақш ба хусусияти «Замин» вобаста аст. Дар амали кандакорони бухороӣ нақшҳое мавҷуданд, ки тариқи харош додани «Замин» офарида шудаанд. Дар санъати кандакорӣ ва маснуоти мисии ҳаккокишудаи Осиёи Миёна нақшҳои услубан хоссе мушоҳида мешаванд, ки барҷаста набуда, бо сатҳи «Замин» баробаранд. Баъзан «Замин»-и кандакориҳои рӯи чӯб дорои нақшҳои якчандқатораи мураккаб, инчунин нақшҳои умқию сатҳии бисёр ҷолиб мебошанд (дари мақбараи Гӯри Мир, асри 16, Самарқанд, дарҳои ҳозираи Осорхонаи таъриху кишваршиносии ш. Хоруғ, Ганҷинаи мероси хаттии ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.). Мураккабтарин навъи нақши кандакории рӯи чӯб — калламуқарнас бо нақшҳои панҷқабатаи дорои чор «Замин» (номи нақши «чорзамин» низ аз ҳамин ҷост) таркиб меёфт. Ифода ва моҳияти бадеию зебоии асарҳои кандакорӣ ва ҳаккокӣ ба хусусиятҳои «Замин» вобаста аст. Дар офаридаҳои ҳунармандони ш-ҳои Истаравшан, Хуҷанду Исфара усули нақшунигори мудаввар бештар ба назар мерасад. Дар осори меъмории Бухорову Самарқанд ҳунармандон барои назаррабоӣ ва барҷастагии тасвирҳо аз сабку усули калламуқарнас истифода кардаанд. Дар ҳаккокӣ «Замин»-ро бештар бо истифода аз гурсунбаи филиззӣ бо нақшҳои мудаввар оро медиҳанд. Усули ҳаккокии «Замин» бештар дар маснуоти ҳунармандони эронӣ маъмул аст. Дар асарҳои ҳунармандӣ ифодаҳои бисёр нафиси коркарди чӯб, маводди филиззӣ, гач ва ғ. ба назар мерасанд. Ин сабку кори ҳунарӣ дар санъати кандакорию ҳаккокӣ дорои ифодаҳои хосси тазйинӣ буда, бисёр нафису чашмгиранд. Дар санъати гулдӯзӣ ва зардӯзӣ низ «Замин» мавқеи муҳим дошта, «Замин»-и матои гулдӯзӣ (сӯзанӣ, борпӯш, ҷойнамоз, чодар ва ғ.) асосан худи он (сатин, чит, суф) ба шумор меравад. «Замин»-и гулдӯзӣ, маъмулан, сурх, ҷигарӣ, сафед, зард, гулобӣ ва ғ. мешавад. Барои таносуби рангҳо ва кам ба назар намудани «Замин» бар ҳошияи косагулу лолагулҳо ҳар гуна нақшҳои ислимию ҳандасӣ медӯзанд. Маъмулан, дар «Замин» ҷои холӣ ҳар қадар кам бошад, нақшҳои гулдӯзишуда ҳамон қадар назаррабо намудор мегарданд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]