Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Замонии Омулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замонии Омулӣ
Навъи фаъолият: шоир

Замонии Омулӣ (форсӣ: زمانئ آملی‎; қарни XV — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик. Фарзанди Муҳаммади Омулӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибтидо бо тахаллуси «Вафоӣ» шеър мегуфт. Сипас бо маслиҳати султон Бадеъуззамон-мирзо тахаллуси «Замонӣ»-ро интихоб кард. Алишери Навоӣ дар «Маҷолису-н-нафоис» Замонии Омулиро дар қатори шоирони ғазалсаро ном бурда, матлаеро аз як навиштаи ӯ намуна овардааст:

Ба оби дида ҳаргиз кам нашуд сӯзи дили зорам,
Магар аз хок таскин ёбад он оташ, ки ман дорам.