Замонии Яздӣ
Замонии Яздӣ |
|---|
Мавлоно Муҳаммадзамон Замонии Яздӣ (форсӣ: زمانی یزدی; ? — 1608/12) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оғоз тахаллусаш «Вафоӣ» буд, вале баъдан онро ба «Замонӣ» иваз кард. Дар маъхазҳои адабӣ («Нештари ишқ», «Тазкираи Насрободӣ», «Сарви Озод» ва ғ.) шоири хушгуфтор, хушбаён, баландфикр, олиталош тавсиф шудааст. Шахсе бо номи Шайх Муҳаммади Заргар дар васфи ӯ гуфтааст:
Ашъори Замонӣ дурри макнун бошад,
Васфаш зи қиёсу ақл берун бошад.
Қонуни фасоҳат аст лутфаш дар шеър,
Печидани он гирифта қонун бошад.
Мувофиқи маълумоти маъхазҳо Замонии Яздӣ беш аз 10 ҳазор байт доштааст. Вай ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, инчунин ба кулли ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ҷавоб гуфта буд. Замонии Яздӣ пайрави ҷараёни таносух буда, муътақид буд, ки рӯҳи Низомии Ганҷавӣ ба ҷисми ӯ ворид гардидааст. Аз Замонии Яздӣ мунтахабе аз девонаш (маҳфуз дар китобхонаи Ин-ти шарқшиносии Ӯзбекистон, № 238/XV) ва достони «Лайливу Маҷнун» (дар Китобхонаи миллии Эрон, Теҳрон) дастраси муҳаққиқон гардидааст. Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои Замонии Яздӣ мебошанд:
Диле дорам даруни синаи танг.
Чу мурғи навқафас бо хеш дар ҷанг.
Оби лаълаш хуррамӣ аз боғи эъҷоз оварад,
Донаи холаш малоикро ба парвоз оварад.
Ҷон бар ӯ афшонаму миннат ниҳам бар ҷони хеш,
Бе сабаб ранҷиданамро гар касе боз оварад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замонии Яздӣ / С. Асадуллоев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.