Jump to content

Замони геологӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замони геологӣ — фосилаи вақте, ки марҳилаи инкишофи табиии Замин ва олами органикии онро дар бар мегирад. Замони геологӣ як қисми давраи геологӣ буда, ба асрҳои геологӣ тақсим мешавад. Ҷинсҳои кӯҳии дар ҳамин фосила бавуҷудомада қисми геологӣ номида мешаванд.

Давомнокии мутлақи замони геологӣ гуногун аст; чунончи дар аввали эраи палеозой тақрибан 30 млн, мезозой 10-20 млн ва дар давраҳои палеогену неоген тақрибан 10 млн сол.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]