Jump to content

Замони нав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замони нав, Таърихи нав — марҳалаи муайяни инкишофи таърихи инсоният, ки аз асрҳои миёна (охири асри 15) то ибтидои асри 20-ро дар бар мегирад.

Мафҳуми Замони навро донишмандони давраи Эҳё барои ифодаи падидаю ҳодиса ва равандҳои ҷамъиятии тамаддуни нави Ғарб пешниҳод карда буданд. Онҳо таърихи инсониятро ба се давра: бостон, миёна ва нав тақсим карда, меъёри муайянсозии Замони навро гулгулшукуфии илмҳои дунявӣ ва инкишофи фарҳанг донистаанд. Аммо ин даврон аз рӯи моҳияти худ бисёр пуртазод будааст: Эҳё, Реформатсия ва ҳуманизм ҳамроҳ бо тӯфони оммавии ирратсионалӣ (ғайриақлонӣ) ва «шикори ҷодугарзанҳо» амал мекарданд. Аз ибтидои Замони нав арзишҳо, меъёрҳои муносибат ва усулҳое ба миён омаданд, ки ба инкишофи тамоми раванду ҳодисаҳои ҷомеаи инсонӣ такони пурзӯр бахшида, ҳастии онҳоро дар доираи тафаккури сифатан нав маънидод карданд. Сатҳи тозаи тафаккури таҷридӣ ва ҷаҳонбинии махсус ташаккул ёфт, ки аз ҳамтоҳои пешинаи худ куллан фарқ мекард. Назари дигар ба рушди ҷомеаи инсонӣ, муносибати инсон ба табиат, муносибатҳои мутақобилаи ҷомеа ва табиат пайдо шуд. Мафҳуми Замони навро дар ибтидо таърихнигорон қабул карданд ва он минбаъд дар илми муосир роиҷ гардид.

Нахустин нишонаи таназзули асрҳои миёна ва оғози Замони нав идораи марказонидаи давлат дар Аврупо ҳисобида мешавад, ки ба ҷангҳои байнифеодалӣ хотима бахшид ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Раванди рушди босуръати иқтисод, савдо, молия ва бонкдорӣ, бунёд ва инкишофи истеҳсолоти мануфактура ва саноат бо пояҳои иқтисоди анъанавӣ дар тазод буданд. Сохтори иҷтимоии ҷомеа дигаргун шуд, буржуазия дар ҳаёти сиёсии давлатҳои Аврупо нақши муассир касб кард. Дар соҳаҳои маънавӣ тағйироти инқилобӣ рух дода, ҷараёни нави фалсафӣ — ҳуманизм инсонро ҳамчун шахсияти озод тавсиф кард. Дигар нишонаҳои Замони нав: сохтани киштиҳои бузурги уқёнусгард, ихтирои компас ва кашфиёти бузурги ҷуғрофиёӣ (кушоиши роҳҳои баҳрӣ ба сӯи Африқо, Ҳинд, Амрико), коҳиш ёфтани эътибори калисо (инквизитсия) ва ғалабаи илм бар таассубу хурофот, ихтирои дастгоҳҳои чопи китоб, нашри бешумору бесобиқаи китобҳои илмӣ ва дастрасии шумори зиёди одамон ба онҳо, нашри китоби Коперник «Дар бораи даврзании ҷирмҳои осмонӣ» (1543), ки бо биниши нави гелиосентрӣ ба таълимоти геосентрии Батламиюс хотима бахшид, бунёди мануфактураҳои хурду бузург ва ба корхонаҳои азими истеҳсолӣ табдил ёфтани онҳо, рушду равнақи металлургия ва кашфи конҳо, сохтмони киштиҳои буғӣ, ихтирои борут ва аввалин аслиҳаи оташфишон, гузариш аз истеҳсолоти аграрӣ ба саноатӣ, бунёд ва инкишофи низоми сармоядорӣ, инқилобҳои илмӣ-техникӣ, Инқилоби бузурги Фаронса, Инқилоби буржуазии Англия, ташаккули муносибатҳои буржуазӣ, ихтирои қатора ва сохтмони р. о., ихтирои телеграф, телефон ва ғ.