Jump to content

Замоншоҳи Дурронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замоншоҳи Дурронӣ
пашту: زماں شاہ درانی سدوزئی
Таваллуд 1770
Даргузашт 10 сентябр 1845(1845-09-10)
Хонадон Дурронӣ[d]
Падар Темуршоҳи Дурронӣ[d]
Модар бегум[d]
Фарзандон Қайсаршоҳ[d]
Эътиқод суннӣ ва ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Замоншоҳи Дурронӣ (форсӣ: زمان‌شاه درانی‎; 1770, Қандаҳор10 сентябр 1845, Сирҳинд[d], Потиёло[d]) — шоҳи Афғонистон (1793—1801) — писари панҷуми Темуршоҳи Дурронӣ (ҳукмронӣ 1772—1793), набераи Аҳмадшоҳи Дурронӣ (ҳукмронӣ 1747—1772).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замоншоҳи Дурронӣ дар аҳди падараш ҳокими Кобул буд. Баъди фавти Темуршоҳ дар байни писаронаш (8 нафар) барои тоҷу тахт мубориза оғоз шуда, Замоншоҳи Дурронӣ бо пуштибонии пешвои қабилаи баракзайҳо — Сарфарозхон шоҳ эълон гардид. Замоншоҳи Дурронӣ баъзе шоҳзодагонро зиндонӣ кард ва бародарони дигараш Ҳумоюн (волии Қандаҳор) ва Маҳмуд (волии Ҳирот) ҳукумати ӯро қабул намуданд. Дар давраи муборизаҳои дохилии шоҳзодагони дурронӣ амири Бухоро Шоҳмурод (1785—1800) барои ишғоли минтақаҳои ҷанубии рӯди Ому муддати се-чор моҳ Балхро муҳосира ва пас аз бастани созишнома бо Замоншоҳи Дурронӣ ақибнишинӣ кард. Таваҷҷуҳи асосии Замоншоҳи Дурронӣ барои ишғол кардани мулкҳои аздастрафтаи Дуррониён дар Ҳинд нигаронида шуда, то соли 1795 Синд, Мултон, Кашмир ва Панҷобро тобеъ кард. Соли 1795 Замоншоҳи Дурронӣ барои саркӯб кардани шӯриши сикҳҳо ба Панҷоб лашкар кашида, бо шунидани хабари ишғол шудани ш. Машҳад аз ҷониби Муҳаммадхони Қоҷор ба Кобул баргашт. Замоншоҳи Дурронӣ баъди созиш бо Муҳаммадхони Қоҷор Лоҳурро ишғол кард ва қисми зиёди заминдорони сикҳ ба хидмати Дуррониён ҷалб гардиданд. Муваффақияти Дуррониён дар Панҷоб ва дархости Шоҳолами II (ҳукмронӣ 1759—1806) аз Замоншоҳи Дурронӣ барои озод карданаш аз асорати маратҳҳо боиси нигаронии англисҳо шуд. Доираҳои ҳукмрони ширкати Ост-Индия дар ҳамкорӣ бо қоҷорҳо кӯшиш карданд, ки бо барангехтани шӯришҳо дар Хуросону Панҷоб Замоншоҳи Дуррониро аз лашкаркашӣ ба Ҳиндустон боздоранд. Сентябри 1797 Замоншоҳи Дурронӣ бо мақсади пахш кардани шӯриши шоҳзода Маҳмуд аз юриши Деҳлӣ даст кашида, ба Ҳирот омад. Шоҳзода Маҳмуд баъди нокомиаш дар Ҳирот ба Эрон фирор карда, дар замони севвумин юриши Замоншоҳи Дурронӣ ба Панҷоб ҳамроҳи Фатҳалишоҳи Қоҷор ба Хуросон лашкар кашиданд. Пас аз бозгашти Замоншоҳи Дурронӣ аз Лоҳур ба Пешовар (30 январи 1798) Фатҳалишоҳ Хуросонро тарк кард. Маҳмуд соли 1799 дар Ҳирот аз ҷониби сипоҳиёни Замоншоҳи Дурронӣ шикаст хӯрда, ба Бухоро паноҳ овард. Замоншоҳи Дурронӣ аз амир Шоҳмурод дархост кард, ки бародарашро ба ӯ таслим намояд. Амир Шоҳмурод бо мақсади наранҷондани Замоншоҳи Дурронӣ ва хиёнат накардан ба меҳмон шоҳзодаро тариқи Хоразм ба Эрон фирор дод. Куштори заминдорони калон дар Қандаҳор, аз ҷумла сардор Сарфарозхон боиси норозигии доираҳои ҳукмрони Дуррониён гардида, аксарияти онҳо ҳангоми лашкаркашии навбатии Фатҳалишоҳ ба Хуросон (1800) худро ба сипоҳи Маҳмуд пайвастанд. Сипоҳиёни Маҳмуд бо роҳбарии писари Сарфарозхон — Фатҳхон соли 1801 Қандаҳорро забт карда, ба сӯи Ғазнӣ ҳаракат намуданд. Дар ин лаҳза аксарияти сарбозони Замоншоҳи Дурронӣ бо сарварии Аҳмадхон ба тарафи Маҳмуд гузаштанд. Замоншоҳи Дурронӣ дар минтақаи Шинвор дастгир шуда, баъди мил кашидан ба чашмонаш то охири умр дар қалъаи Болоҳисори Кобул зиндонӣ буд.