Jump to content

Замонҳои феъл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замонҳои феъл — дар дастур (грамматика) яке аз категорияҳои грамматикии тағйири калима, ки муносибати амалро ба замони зоҳир шудани он нишон дода, бо роҳи муқобилгузории замони ҳозира, замони гузашта ва замони оянда ошкор мегардад.

Замон дар забонҳои алоҳида ба таври махсус сурат мегирад. Забони тоҷикӣ се замони феъл (гузашта, ҳозира ва оянда) дорад, ки онҳо зиёда аз 20 шакли замонӣ месозанд. Замонҳои феъл мутобиқи лаҳзаи нутқ муқаррар мешаванд. Замони ҳозира амали ҳангоми нутқ рост меомада («Ту чӣ кор карда истодаӣ? — Ман? Ман китоб мехонам»), замони гузашта амали пеш аз лаҳзаи нутқ бавуқӯъпайваста («Ин мактубро Ҷамшед навишта буд») ва замони оянда амали пас аз лаҳзаи нутқ ба амал меомадаро («Баъд аз хатми мактаби олӣ Санавбар ба сохтмони Норак меравад») ифода мекунад, ки ба воситаи феъл ё хабар (хабари ҷумла) ифода меёбанд. Шаклҳои замон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: шаклҳои замони ҳозира ва шаклҳои замони гузашта. Шаклҳои замони ҳозира аз асоси замони ҳозира ва шаклҳои замони гузашта аз асоси замони гузашта сохта мешаванд. Шаклҳои замонҳои феъл ҳам бо роҳи синтетикӣ ва ҳам бо роҳи аналитикӣ сохта мешаванд. Баъзан вобаста ба матн як шакли замон метавонад тобишҳои гуногуни маъноӣ — замонӣ пайдо кунад.

Замонҳои феъл бо категорияи сиға сахт алоқаманд буда, ифодаи замонҳои феъл фақат дар доираи сиға амалӣ мегардад. Шаклҳои замонҳои феъл вобаста ба мавриди лаҳзаи нутқ мутлақу давомдор мешаванд. Замонҳои феъл муносибати амалро ҳангоми нутқ ва ё лаҳзаи дигари дар нутқ зоҳиршуда нишон медиҳанд.

Замони гузаштаи феъл

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони гузаштаи феъл сарфи назар аз ҳамаи шаклу тобишҳои грамматикии худ амали пеш аз лаҳзаи нутқ воқеъшударо мефаҳмонад, яъне гӯянда дар бораи замони қатъшудаи амал ва равандҳои дигар сухан меронад: навиштам, навиштаам, менавиштам, навишта будам, навишта истода будам. Ҳамаи феълҳои замони гузашта шакли нақлӣ доранд. Феъли замони гузаштаи наздик аз асоси замони гузашта ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Шахси севуми ин феъл ба асоси замони гузашта баробар аст (рафт, хонд, гуфт, дид). Феъли замони гузаштаи наздик ба тарзи зер тасриф мешавад:

  • Замони гузаштаи нақлӣ аз шакли феъли ҳоли (сифати феълӣ)-и феъли асосӣ ва бандакҳои хабарӣ сохта шуда, ба тариқи зайл тасриф мешавад:
  • Замони гузаштаи ҳикоягӣ аз асоси замони гузашта бо илова кардани пешванди ме- ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад ва тасрифи он ба тариқи зайл аст:

Замони гузаштаи ҳикоягии нақлӣ аз замони гузаштаи нақлӣ бо илова кардани пешванди ме- сохта мешавад. Тасрифаш чунин аст:

Ҷузъи якум (феъли ёридиҳанда) доимист ва бандакҳои феълӣ қабул карда, шахсу шумораро мефаҳмонад. Пешванди инкории на- низ бо ҳамин ҷузъ меояд (хоҳам рафт, нахоҳам рафт). Ҷузъи дуввум (феъли асосӣ) вобаста ба ифодаи маънои луғавӣ иваз ва тасриф мешавад:

  • Замони гузаштаи эҳтимолӣ амали воқеиеро мефаҳмонад, ки гӯянда дар бораи он бо шубҳаву тахмин ва гумону эҳтимол сухан меронад. Замони гузаштаи эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо пасванди гӣ- ва иловаи бандакҳо сохта мешавад. Ин шакли феълӣ ду тарзи ифода дорад: тарзи якум: ман хондагиям, ту хондагиӣ, ӯ хондагӣ аст; мо хондагием, шумо хондагиед, онҳо хондагиянд; тарзи дуввум аз шахси севвуми танҳо бо иловаи бандакҳо сохта мешавад: ман хондагистам, ту хондагистӣ, ӯ хондагист; мо хондагистем, шумо хондагистед, онҳо хондагистанд. Замони гузаштаи дур аз асоси замони ҳозираи феъли ёридиҳандаи хостан (хоҳ) ва шакли масдари мухтасари феъли асосӣ, ки ба асоси замони гузашта баробар аст, сохта мешавад.
  • Замони гузаштаи дур аз шакли феъли ҳол (сифати феълӣ)-и феъли асосӣ бо иловаи шакли замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи будан сохта шуда, тасрифи он ба тариқи зайл аст:
  • Замони гузаштаи дури нақлӣ аз феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта) бо пасванд -а (хонда) ва шакли феъли будан сохта мешавад:
  • Замони гузаштаи дури давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи дури феъли ёридиҳандаи истодан сохта мешавад. Тасрифаш чунин аст:
  • Замони гузаштаи дури давомдор (муайян)-и нақлӣ аз шакли феъли ҳол (сифати феълӣ)-и феъли асосӣ ва феъли ёридиҳандаи истодан дар шакли гузаштаи дури нақлӣ сохта мешавад.

Замони ҳозираи феъл

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони ҳозираи феъл амали ҳангоми нутқ давомдоштаро ифода мекунад: Додари ман дар омӯзишгоҳи тиббӣ мехонад. Вай кӯшиш карда истодааст, ки имтиҳонро бо муваффақият супорад. Замони ҳозираи давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳол (сифати феълӣ)-и феъли асосӣ ва шакли гузаштаи нақлии феъли ёридиҳандаи истодан сохта мешавад. Мас.:

  • Замони ҳозира-оянда аз асоси замони ҳозираи феъл (хон) бо илова кардани пешванди ме- сохта ва бо бандакҳои феълӣ тасриф мешавад:

Замони ояндаи феъл

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар забони тоҷикӣ чанд шакли феълие мавҷуд аст, ки бевосита ё вобаста ба матн замони ояндаро ифода мекунанд, аз ҷумла, феъли фармоиш, ки фақат шахси дуввуми танҳову ҷамъ дорад. Шахси танҳои он асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад: хон — хонед, гӯй — гӯед, паз — пазед. Ин шакли феъл бо пешванди би- низ омада (бирав, бихон), шакли танҳои он гоҳо дар назм бо пешванди ме-меояд (мерав, мехон, мебош).

Мебош табиби исавиҳуш,
Аммо на табиби одамикуш.

Низомӣ

Феъли фармоиш низ замони ояндаро ифода мекунад ва танҳо шахси дуввуми танҳо ва ҷамъ дорад. Шахси танҳои феъли фармоиш асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад: хон — хонед, рав — равед. Замони ояндаи феъл амалеро мефаҳмонад, ки он баъд аз лаҳзаи сухани гӯянда содир мешавад: Аз гунҷишк тарсӣ — арзан накор. Расул ба Норак меравад. Ман низ хоҳам рафт. Замонҳои феъл дорои лаҳзаҳо ва тобишҳои зиёди дастурие мебошанд, ки ба воситаи шаклҳо ва таркибҳои муайяни феълӣ дар нутқ ифода меёбанд. Бештарини шаклҳои замонии феълҳо сермаъно ва сервазифа буда, ба ғайр аз вазифаи асосии худ маъно ва вазифаҳои иловагиро низ дар бар мегиранд.

Замони ояндаи дур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони ояндаи дур аз асоси замони ҳозираи феъли ёридиҳандаи хостан (хоҳ) ва шакли масдари мухтасари феъли асосӣ сохта мешавад, ки ба асоси замони гузашта баробар аст.

Замони ояндаи эҳтимолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин шакли феъл аз сифати феълии замони ҳозира-оянда бо пасванди -гӣ ва шакли пурра ё кӯтоҳи бандакҳои хабарӣ сохта мешавад. Замони ҳозира-ояндаи эҳтимолӣ ду тарзи ифода дорад: 1) мерафтагиям, мерафтагиӣ, мерафтагист; 2) мерафтагистам, мерафтагист ва мерафтагистанд.

  • Замонҳои феъл / Ш. Бобомуродов, А. Мирзоев, З. Мухторов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
  • Забони адабии ҳозираи тоҷик (лексикология, фонетика, ва морфология). Қ. 1. Д., 1973;
  • Ҳусейнов Ҳ., Шукурова К. Луғати терминҳои забоншиносӣ. Д., 1983;
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Д., 1985;
  • Бобомуродов Ш., Мухторов З. Луғати терминҳои забоншиносӣ. Д., 2016.