Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Замон (нашрия)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Замон» — нашрияи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва адабию бадеӣ ба забони узбекӣ. Муассисаш ҶММ «Замондош».

Таърихи таъсис

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2005 таъсис ёфтааст. То соли 2014 «Замондош» ном дошт. Моҳе ду шумора дар ҳаҷми 48 саҳифа бо теъдоди 7 ҳазор нусха ба забонҳои узбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад. Дар «Замон» таҳти рубрикаҳои «Акси садо», «Дар мавзӯи муҳим», «Пурсед, посух медиҳем», «Табиат ва хонанда», «Сухан соҳибашро меёбад» ва ғайра хабару мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва фикру мулоҳизаҳои ҷолиб, ҳамчунин шеъру ҳикояҳои адибони муосири тоҷику узбек ва навқаламон ба забони узбекӣ чоп мешаванд.