Зам кардани ҷазо
Зам кардани ҷазо — дар қ. 3, 4, 5, м. 70 КҶ ҶТ ба танзим дароварда шудааст. То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ,ннгоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомй ба ҳисоби як рӯз баробари як рӯз дар шакли маҳдуд кардани озодӣ - як рӯз баробари ду рӯз, корҳои ислоҳи меҳнатӣ, маҳдуд кардан дар хидмати харбй - як рӯз баробари се рӯз, як рӯз баробари ҳаштсоати корҳои ҳатмй ба ҳисоб гирифта мешавад. (қ. 4 м. 70 КҶ ҶТ) Агар муҳлати дар ҳабс нигоҳдорӣ то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба ҷазои таъйиншудаи бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобасганабуда мутобиқат намояд, шахси маҳкумшуда ҷазоро адокарда ҳисоб мешавад. (Масалан, шахс то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм 4 моҳ дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи ҳукми суд ба ӯ як сол ҷазои корҳои ислоҳӣ таъйин мегардад. Дар ин маврид бо ба хнсоб гирифтани он ки ба як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ се рӯзи корҳои ислоҳӣ баробар аст, шахс ҷазоро адокарда ҳисобида мешавад). Ҳангоми таъйин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофнаи судӣ дар ҳабс нигоҳ дошташуда дар шакли ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъйин шуда бошанд, суд бо назардошти муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд (қ. 3 м. 70 КҶ ҶТ). То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ё адои ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, ки бо ҳукми суд барои ҷинояти дар хориҷа содирнамуда таъйнн шудааст, дар ҳолати мутобиқи моддаи 15 КҶ ҶТ супорида шудани шахс, як рӯз баробари як рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад. (қ. 5 м. 70 КҶ ҶТ) [1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 165
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |