Jump to content

Занбақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занбақ
Лилия белоснежная — типовой вид рода Лилия — в естественной среде обитания. Греция
Лилия белоснежная
типовой вид рода Лилия —
в естественной среде обитания. Греция
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Lilium L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип

Занбақ, занба, гули занбақ, ли́лия (лот. Lílium) — ҷинси рустаниҳои бисёрсолаи пиёзакбех. Беш аз 100 гуна дорад, ки дар кишварҳои Осиё ва Аврупо мерӯянд. Пиёзакаш сафолмонанд (қутраш 20 см), бисёрсола, баъзан баъди гулшукуфт мехушкад.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост (то 2 м қад мекашад), баргаш борик ё нештаршакл, бедумча, баъзан думчадор. Гулаш (қутраш 2,5-30 см) сафед, сафеди сабз ё бунафштоб, сурхгунаи холдор, зард; шаклу рангҳои гуногун дошта, хеле хушбӯй аст. Дар заминҳои кушод зиёда аз 3,5 ҳазор навъи дурагаи занбақро мепарваранд. Мувофиқи таснифи байналмилалӣ онҳо аз рӯи пайдоиш ва хусусиятҳои биологӣ ба 9 гурӯҳ (осиёӣ, амрикоӣ, шарқӣ ва ғ.) тақсим карда мешаванд. Гули занбақ низ шаклҳои гуногун дорад, мас., косашакл, табақчашакл, салламонанд, зангӯлашакл, найчашакл ва ғ. Вобаста ба давраи гулшукуфт занбақро ба барвақтӣ (дурагаҳои намудҳои осиёӣ), миёна (занбақи шоҳӣ — L. regale) ва дершукуфт (занбақи бабрӣ — L. tigrinum) ҷудо мекунанд. Занбақ дар гилхок, заминҳои серпоруи ҳосилхезу регдор хуб месабзад. Онро барои сабзкорӣ ва ҳамчун гули хонагӣ (асосан дурагаҳои навъи осиёӣ ва шарқӣ) низ мепарваранд. Аз тухм ва бо роҳи дурагакунӣ афзоиш меёбад. Дар Тоҷикистон занбақи худрӯй нест, аммо ду намуди он (L. regale ва L. candidum) ба шароити маҳал мутобиқ карда шуда, дар гулпарварӣ маъмул аст. Онҳоро аз пиёзак ва тухм зиёд мекунанд. Пиёзакро баъди 1-1,5 моҳи аз гул фуромадани рустанӣ мешинонанд, тухмро тирамоҳ ё аввали зимистон мекоранд, ки баъди З-4 сол гул мекунад. Баъзе намудҳои занбақ дар давоҳо (L. gaganteum, L. tigrinum, L. candidum) ва чун рустании ғизоӣ (L. autarum, L. brownii, L. concolor, L. cordatum) истифода бурда мешаванд.