Занбақлола
| Занбақлола | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Tulipa.
|
||||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
| Tulipa kaufmanniana Regel, 1877 | ||||||||||||
| ||||||||||||
Занбақлола (лот. Tulipa kaufmanniana) — рустании бисёрсолаи пиёзакбех.
Аз 10-20 то 65-100 см қад мекашад. Пиёзакаш (қутраш то 2-5 см) тухмшакл, бо пӯсти ҷигарии сиёҳтоби ғафс пӯшида шудааст. Баргаш (2-4) паҳни кабуд. Гулаш ҷомшакл, пиёламонанд ё ситорашакли сурх, зард, сафед, бунафш. Косагулаш аз берун хатти мухолиф ба ранги асосӣ дорад. Охирҳои март мешукуфад. Самараш — ғӯза; дар ҳар лона то 270 тухм мавҷуд аст. Занбақлоларо бори аввал соли 1877 ботаники рус Э. Л. Регел (аз мавзеи ҳавзаи д. Чирчиқи Ӯзбекистон) тавсиф намудааст. Дар Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ вомехӯрад. Онро дар Боғҳои ботаникии Руссия, Украина, назди Балтика ва Беларус парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон дар қ-кӯҳи Қурама паҳн шудааст. Дар нишебиҳои санглоху шағалдор, дар байни буттаю санг, дар минтақаҳои ҷангалзори гармсер ва арчазорҳои гармидӯст (дар баландии 900—2200 м аз с. б.) мерӯяд. Занбақлола камшумор буда, тоқа-тоқа ва пароканда месабзад. Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ меафзояд. Занбақлола рустании ороишӣ аст. Дар Боғи ботаникии ш. Хуҷанд мавриди таҳқиқ қарор гирифта буд. Охири солҳои 60 асри 20 олимон беш аз 200 навъи З.-ро офариданд, мас., «Беллини Корона», «Аэлита», «Баҳор», «Ҳаштуми март» ва ғ. Занбақлола ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занбақлола // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.