Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занбӯруғкабоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занбӯруғкабоб
 Парвандаҳо дар Викианбор

Занбӯруғкабоб — навъи таоми маъмул.

Барои пухтани занбӯруғкабоб тамоми анвои занбӯруғҳои хӯрданиро истифода бурдан мумкин аст, вале аксаран занбӯруғҳои сафедро интихоб менамоянд. Ҳар навъи занбӯруғе, ки бошад, аввалан поячаашро пок карда (албатта аз хок), пӯсташро тунук мегиранд ва кулоҳакашро аз поя ҷудо мекунанд. Баъдан тоза шуста, каме дар оби ҷӯшон нигоҳ медоранд. Дар дег ё тобаи умқӣ бехпиёзи резакардаро андаке таф дода, занбӯруғҳои аз оби ҷӯшон гирифтаро майдатар реза карда, каме намак пошида, ҳар вақт тагурӯ карда бирён мекунанд. Дар интиҳои зирбондан боз равған илова мекунанд. Занбӯруғкабобро баъзе таббохон ҳамроҳи гӯшт низ бирён мекунанд, ки боз ҳам лазизтар, хушбӯтар ва серғизотару иштиҳоангезтар мешавад. Барои омода кардани ин навъи занбӯруғкабоб нахуст гӯшти беустухони гӯсфанд ё говро 20-25-граммӣ реза карда, бо бехпиёзи ҳалқа-ҳалқа буридашуда ба дег ё тобаи равғани доғдошта меандозанд ва то сурх шудани гӯшту пиёз бирён мекунанд. Сипас занбӯруғҳои аз оби ҷӯшон гирифташударо низ илова карда, то 20 дақ. таф медиҳанд. Намаку мурч ва дигар адвиётро мувофиқи табъ меандозанд. Пас аз гӯшту занбӯруғро ба табақҳо гирифтан, ба рӯяш кабудии майда резакардаро мепошанд. Барои 5-6 хӯрд занбӯруғкабоб 1,5 кг гӯшти беустухони гов ё гӯсфанд (беҳтараш гӯшти гӯсфандро истифода кард, зеро таом лазизтар хоҳад шуд), 1,5 кг занбӯруғ, 400 г бехпиёз, 400 г равғани рустанӣ, 60 г. кабудӣ ва мувофиқи табъ намаку адвиёт заруранд. Б. Раҳматов.