Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занбӯруғпалов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занбӯруғпалов

Занбӯруғпалов — навъи палове, ки дар аввали фасли баҳор ҳангоми рустани нахустин навъи занбӯруғ  — бурмазанбӯруғ (сморчок) пухта мешавад

Бурмазанбӯруғ охири моҳи апрел ё аввали май аз зери хок сар мекашад. Рангаш бӯртоб, пояаш каме дарозтар аст. Ин навъи занбӯруғ хушмаза аст, вале дар таркибаш кислотаи заҳрноки гилвеллӣ (бо вуҷуди заҳрнок буданаш ба осонӣ дар об ҳал мешавад) дорад. Барои пухтани занбӯруғпаловбурмазанбӯруғро пок карда (барои рафъи заҳраш бунашро аз хок тоза карда, пӯсти поячаашро тунук мегиранд), шуста дар зарфҳои обдошта ба ҷӯш меоранд. Баъдан обро партофта, занбӯруғҳоро аз нав дар оби гарми тоза мешӯянд, то ки комилан безарар шаванд. Сипас сабзии наргисӣ ва пиёзро гирд реза ва сирпиёзро пок мекунанд (решаи сирпиёзро тавре мебуранд, ки дандонаҳои ғуҷумаш аз ҳам нарезанд). Биринҷро тоза ва дар оби гарм тар мекунанд. Ба дег равғани рустанӣ андохта, дар оташи баланд гарм мекунанд ва баъдтар равғани зард илова намуда, боз каме метафсонанд. Сипас ба равғани доғ пиёзи резаро андохта, то сурхча шуданаш зирбонда, баъдан занбӯруғҳои омодакардашударо илова карда, то як маротиба ҳаҷми худро кам кардани занбӯруғҳо бирён мекунанд. Сипас ба дег сабзӣ ва адвиёт андохта, то сурхча шудани сабзӣ зирбониданро идома медиҳанд. Баъд ба дег оби хунук ва сирпиёз андохта меҷӯшонанд. Оташи зери дегро паст карда, зирбакро 10-15 дақ. дам медиҳанд. Сипас биринҷро шуста ба дег меандозанд (агар зарур бошад боз каме об илова мекунанд) ва оташро баланд мекунанд, то ки об тезтар бухор шавад (биринҷ бояд 90 % пухта бошад). Баъдан чанд ҷои биринҷро сӯрох карда, ба сӯрохи мобайнӣ каме об мерезанд ва даҳони дегро маҳкам пӯшида, дар оташи паст 20-25 дақ. дам медиҳанд. Занбӯруғпалов, маъмулан, таоми гӯштпарҳезгорон ва рӯзадорон аст. Барои 5-6 хӯрд занбӯруғпалов 500 г занбӯруғҳои ба андозаи чормағз буридашуда, 500 г сабзӣ, 200 г бехпиёз, 500 г биринҷ, 100 г равғани зард, 200 г равғани рустанӣ, 1-2 дона пиёз, 5 г зира, зардчӯба, мувофиқи табъ намак лозим аст.

  • Книга о вкусной и здоровой пище. М., 1980;
  • Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Ҷ. 1. Д., 1989;
  • Лифляндский В. Г., Закревский занбӯруғпаловВ., Андронова М. Н. Лечебные свойства пищевых продуктов. СПб., 1997;
  • Гилспи Г. 1001 рецепт из четырёх ингредиентов. М., 2009;
  • Ганиев Х. Восточный пир. М., 2013. .