Занбӯруғшӯрбо
Занбӯруғшӯрбо | |
|---|---|
| | |
Занбӯруғшӯрбо — як навъи шӯрбо.
Омодасозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гӯшти гӯсфанд ё говро 20-25-граммӣ бурида, дар равғани рустанӣ ё равғани дунбаи доғ то сурх шудан мезирбонанд. Баъд бехпиёз, занбӯруғи сафед, қаламфури булғории резакарда ва сабзию (дар шакли мукааб поракарда) помидори поракарда ё қайлаи помидорро пайдарҳам илова намуда, якчанд дақиқа бирён мекунанд. Сипас ба дег оби хунук мерезанд ва дар оташи паст 20- 25 дақиқа меҷӯшонанд. 3-5 дақиқа пеш аз пухтан ба он мувофиқи табъ намак меандозанд. Шӯрборо ба косаҳо кашида, ба болояш кабудӣ ва райҳони резакарда мепошанд. Барои 5-6 хӯрд занбӯруғшӯрбо 400 г гӯшти гӯсфанд ё гов, 250 г бехпиёз, 150 г сабзӣ, 600 г занбӯруғ, 200 г помидор ё 50 г қайлаи помидор, 150 г равғани рустанӣ ё дунба, 120 г қаламфури булғорӣ, 1 бандча райҳон ва мувофиқи табъ намак лозим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занбӯруғшӯрбо / Н. Шарипов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.