Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занбӯрхӯрак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занбӯрхӯрак
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Занбӯрхӯрак (лот. Philanthus triangulum) — навъи занбӯр аз қатори пардаболҳо, оилаи занбӯрҳои регзор (Crabronidae).

Дарозии баданаш 8–17 мм. Аз занбӯрҳои дигар бо сари калон ва ранги зарди рӯшани худ фарқ мекунад. Занбӯрхӯрак лонаашро дар ҷарию обкандҳо (дар умқи то 1 м) месозад. Дар мӯйлабчаҳои занбӯрхӯраки модина стрептомитсетҳо зиндагӣ ва афзоиш мекунанд, ки антибиотикҳои онҳо занбӯрбачаҳоро аз микроорганизмҳои хок ҳифз менамоянд. Ғизои занбӯрхӯраки нарина рустаниҳо мебошад. Занбӯрхӯраки модина занбӯри асалро шикор мекунад. Бо ин мақсад вай дар ҳаво ба самти вазиши бод парвоз мекунад ва ҳамин ки бӯи занбӯри асал ба машомаш расид, зуд ӯро пайдо карда, бо пойҳояш дошта, неш мезанад. Сипас дар ягон ҷои мувофиқ нишаста, бо пойҳои худ шиками занбӯри асалро зер мекунад ва қатраҳои шаҳди аз шаҳддони ӯ беруномадаро мехӯрад (шаҳд барои кирминаҳои занбӯрхӯрак заҳрнок аст). Занбӯрхӯраки модина занбӯри асали фавтидаро ба хонааш бурда, ба кирминаҳо медиҳад. Занбӯрхӯрак хотираи хеле қавӣ дорад. Пеш аз парвоз бо мақсади роҳгум назадан гирду атрофи лонаашро бодиққат аз назар гузаронда, ҷузъитарин ашёро дар хотир нигоҳ медорад. Дар сурати ба дигар ҷой бурда сар додани занбӯрхӯрак вай бо кӯтоҳтарин роҳ парвоз карда лонаашро пайдо мекунад. Занбӯрхӯрак дар минтақаи марказии Руссия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, паҳн гаштааст. Он ба хоҷагиҳои занбӯрпаварии ҷумҳурӣ зиёни ҷиддӣ мерасонад.

Ҷиҳати мубориза бо занбӯрхӯракҳо ба лонаи онҳо пошидани гексахлоран ва амиқ шудгор кардану коштани алаф дар ҷойҳои лонасозиашон муҳим аст. Нигар низ Зараррасонҳои занбӯри асал.