Занг
Намуди зоҳирӣ
Занг, зангӯла:
- Занг — ашёи филиззии овоздор, ки ба гардани чаҳорпоён мебанданд, то ҳангоми роҳ рафтани онҳо садо кунад;
- Занг — зангӯлачаҳое, ки раққосаҳо ба банди даст, пой, камарбанд, китф ё тоқии худ баста, мерақсанд ва дар вақти ҳаракатҳои рақсӣ он садо медиҳад. Ба банди дасту пой занг баста рақсидан аз қадим маъмул буд. Дар мусаввараҳои рӯидевории Панҷакенти Қадим дар пои раққосае зангҳо намудоранд. Раққосаҳо зангро аз 2 то 4 қатор баста, бо ҳаракатҳои мутобиқ ба суруду мусиқӣ ё навозиши дойра ба он садо медиҳанд. Дар гузашта зангро барои навозандаю раққосаҳо ва шӯъбадабозон заргарони рехтагар тайёр мекарданд. Зангӯлаҳои сохтаи онҳо «якказанг», «торсак», «зонубанд», «алафӣ» (зангӯлачаҳои хурд) ном доштанд. Занг биринҷӣ буда, шакли чормағзро дорад ва дар даруни ковоки он муҳраҳои филиззӣ гузошта шудаанд, ки баробари ҷунбиш садо мебароранд. Қаблан зангҳоро ба тасма насб мекарданд, ҳоло ба чарм ё резин овехта, ба дасту пой мебанданд. .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занг / Н. Қличева // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
| Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |