Зангила
Зангила | |
|---|---|
| | |
| МКБ-10 | E54. |
| МКБ-9 | 267 |
| OMIM | 240400 |
| DiseasesDB | 13930 |
| MedlinePlus | 000355 |
| eMedicine | med/2086 |
| MeSH | D012614 |
Зангила, синга (лаҳӣ: dzięgna; мутародиф скорбу́т, лот. scorbutus) — бемориест, ки бинобар норасоии витамини С (кислотаи аскорбинат) ба вуҷуд омада, боиси ихтилоли синтези коллаген мегардад ва бофтаҳои пайвасткунандаашон ноустувор мешаванд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти дақиқи аввалин дар бораи Зангила марбут ба бемор шудани баҳрнавардон аст, ки дар ибтидои асри 13 ба мушоҳида расида буд. Зангила хусусан дар давраи кишваркушоиҳо, ки нимаи дуввуми асри 15 хеле ривоҷ ёфта буд, густариш ёфт. Мас., соли 1495 дар киштии сайёҳ Васко да Гама ҳангоми сафар ба Ҳиндустон аз 160 нафар баҳрнавард 100 нафарашон аз ин беморӣ ҷон доданд. Бино ба маълумоти муаррихони тиб байни солҳои 1600—1800 аз зангила қариб 1 млн нафар баҳрнавардон фавтидаанд. Зангила дар хушкӣ, маъмулан, дар қалъаҳои муҳосирашуда, зиндонҳо, деҳаҳои дурдаст мушоҳида мешуд. Аз норасоии витамини С сар задани зангила танҳо соли 1932 ошкор шуд.
Аломатҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Зангила, маъмулан, якҷо бо дигар намудҳои витаминкоҳӣ ба вуҷуд меояд. Аломатҳои аввалини зангила баъди 4-12 ҳафтаи қатъ намудани истеъмоли витамини С ба назар мерасанд. Ҳангоми ба андомгон кам ворид шудани ин витамин (ҳиповитаминози С) нишонаҳои зангила баъди 4-6 моҳ фаро мерасанд. Бемор сусту беҳол шуда, хоболудӣ, дарди мушакҳои соқи по, сарчархзанӣ ба вуҷуд меояд. Минбаъд аломатҳои махсуси Зангила ба мушоҳида мерасанд. Милки дандонҳо аввал сафед, баъд кабуд шуда, варам мекунанд, аз андак даст расондан хуншор мешаванд; канорҳои милк ғафс, исфанҷмонанд, кабуди арғувонӣ мегарданд (аз онҳо хун меравад). Беморонро дард (ҳангоми жовиш) ва бисёр хориҷ шудани оби даҳон азият медиҳад. Ҳангоми вазнин будани ҷараёни беморӣ дар милки дандонҳо захмҳо пайдо шуда, даҳон бадбӯй мегардад, дандонҳо меафтанд. Пӯст хушкида, тобиши зарди ҷигарӣ пайдо мекунад; дар зери пӯсти по хуншориҳои аввал сурх, минбаъд кабуди арғувонӣ ба вуҷуд меоянд. Дар мавриди вазнин будани ҷараёни маризӣ дар мултаҳима (конъюнктива), насҷи зери пӯсти сурин, пушти ронҳо ва чуқураки зери зону, қабати мушакҳо (бештар мушакҳои соқи по), устухонпарда, бофтаҳои атрофи бандҳо низ хуншориҳои фаровон ба мушоҳида мерасанд; хуномосҳои сахту дардманд пайдо мешаванд. Бинобар дард кардани мушак бемор дуруст роҳ рафта наметавонад. Мумкин аст узвҳои дарун — меъда, рӯда, шуш, гурда, сифоқ ва перикард, инчунин хонаи пеши чашм низ хуншор гарданд; маводди қай ва пешоб омехта бо хун меояд. Шаклҳои вазнин ва оризаноки зангиларо дар беморхона муолиҷа мекунанд. Бештар хӯроки серғизо (дорои витамини С), кислотаи аскорбинат, доруҳои витаминӣ таъйин карда мешаванд. Фарҷоми бемории сабук хуб аст. Дар мавриди бемории оризанок мариз мумкин нобино шавад ё дуруст ҳаракат карда натавонад. Беҳтарин роҳи пешгирии зангила истеъмоли меваю сабзавот мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зангила // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.