Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зангоракҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зангоракҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Chloris Cuvier, 1800

Зангоракҳо (лот. Chloris) — ҷинси паранда аз оилаи арзанхӯракҳо (Fringillidae).

Ҷисмаш баробари гунҷишк аст. Рангаш сабзи зайтунӣ бо болҳои зардгун. Зангоракҳо 2 намуд мешаванд. Зангоракҳои муқаррарӣ (Chloris chloris) дар ҷангалзори паҳнбарги Аврупо, Осиёи Ғарбӣ ва Шимолу Ғарби Африқо сокин аст. Дар мавзеъҳои ҷанубӣ муқимӣ буда, зимистон аз маҳалҳои шимолӣ ба ҷанубӣ кӯч мебандад. Дар фасли тобистон 1-2 бор болои дарахтон лона сохта, 4‒6 тухм мегузорад. Ғизояш тухму меваи рустаниҳо ва баъзан ҳашарот аст. Зангоракҳои хитойӣ (Chloris sinica) дар Осиёи Шарқӣ (Камчатка, ҷазираҳои Курил, Сахалин, Ҷопон ва Хитой) зиндагӣ мекунад.