Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зангӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зангӣ (аз исп. negro — сиёҳ) — номи шартии аҳолии маҳаллии Африқои Тропикӣ ва Ҷанубӣ, ҳамчунин аҷдоди онҳо дар Амрико.

Истилоҳи niger аз асри 17 ҳамчун номи умумии этникӣ маъмул гардида, баъди таназзули низоми мустамликадорӣ ба мафҳуми архаистӣ табдил ёфт: мас., дар Амрико намояндагони ирқи негроидҳоро «афроамрикоиҳо» меноманд. Онҳо ин мафҳуми этникиро нисбат ба худ таҳқир мешуморанд.

Зангиҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд:

  1. Зангиҳои Бешазор (Bush negroes), халқият дар Суринам (42 ҳазор), Гвиана (6,5 ҳазор,) Гайана (0,8 ҳазор), ки ба гӯишҳои креолии забони англисӣ (ндюкаӣ, сарамаканӣ) ва забони нидерландӣ гуфтугӯ мекунанд. Аксарияташон католик ва протестант. Зангиҳои Бешазор дар асри 17 ташаккул ёфтанд. Аҷдоди онҳо ғуломони сиёҳпӯсти фирорӣ (маронҳо) мебошанд, ки аз қаламрави имрӯзаи Ангола ва Африқои Ғарбӣ ба минтақаҳои дурдасти Суринам ва Гвиана кӯчида буданд. Зангиҳои Бешазор ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд: ауканоиҳо (аз 1720 дар соҳили д. Маронӣ), парамакканоиҳо (аз 1720 дар соҳили миёнаи д. Маронӣ), алукуиҳо (аз 1815 дар соҳили д. Лава), коффимаккаиҳо (аз 1805 дар соҳилҳои д. Коппенаме), сарамаканноиҳо (аз 1700 дар соҳилҳои болои д. Суринам) ва матавиҳо (аз 1762 дар соҳилҳои миёнаи д. Сарамакка). Аз 1760 доираҳои ҳукмрони мустамликавӣ бо ҷамоаи Зангиҳои Бешазор аҳднома бастанд, ки онҳоро бо мол таъмин карда, ба пешвоҳояшон инъом пешкаш мекунанд, вале баъдан бар зидди онҳо чандин эъзомияи ҷазодиҳӣ ташкил карданд. Пас аз барҳам хӯрдани ғуломдорӣ (соли 1848 дар Гвиана, соли 1863 дар Суринам) қисми зиёди собиқ ғуломон ба Зангиҳои Бешазор ҳамроҳ шуданд. Кӯшишҳои доираҳои ҳукмрон барои ҷалби Зангиҳои Бешазор ба ҷомеа, барномаҳои таҷдиди ҳаёт ва масеҳикунонии онҳо муддати тӯлонӣ натиҷа надод. Аз солҳои 40 асри 20 муҳоҷирати онҳо ба шаҳрҳо ва омезишашон бо креолиҳо (насли аввалин муҳоҷирони аврупоӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ) афзоиш ёфт. Зангиҳои Бешазор нисбат ба дигар гурӯҳҳои сиёҳпӯсти Амрико урфу одат, боварҳои қадим ва фарҳангу ҳунари бостонии африқоиро ҳифз кардаанд. Аз ҳиндуҳо зироаткорӣ, шикор ва моҳидориро омӯхтанд. Қисман дар саноати ҷангал ва шаҳрҳо ба тариқи кироя кор мекунанд. Зангиҳои Бешазор дар кулбаҳои тарҳашон мудаввар, ки болопӯшашон аз барги нахл аст, зиндагӣ мекунанд.
  1. Зангиҳои Вест-Индия, номи шартии аҳолии сиёҳпӯсти Вест-Индия, ки аксарияти аҳолии ҷаз-ҳои Ямайка, Тринидад, Тобаго, Барбадос, Багам, Гренада, Доминика, Сент-Люсия, Сент-Винсент, Антигуа, Сент-Кинтс, Невис, Англия, Вирҷиния ва Кайманро ташкил медиҳанд. Бо гӯиши креолии забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд. Қисми зиёди Зангиҳои Вест-Индия протестант ва католик мебошанд. Онҳо аҷдоди қабилаҳои гуногуни африқоианд, ки дар асрҳои 16-19 ҳамчун ғулом ба ин қитъа оварда шудаанд. Зангиҳои Вест-Индия дар давраи мустамликадорӣ ба кишварҳои Амрикои Марказӣ муҳоҷират карда, дар майдонҳои бузурги кишти зироат ва корҳои сохтмонӣ фаъолият доштанд. Дар асри 20 қисман дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо сокин шуданд. Аз солҳои 60 асри 20 дар байни Зангиҳои Вест-Индия барои дарёфти «мероси африқоӣ» ҳаракатҳои миллӣ-фарҳангӣ ва миллӣ-сиёсӣ ташаккул ёфтанд. Зангиҳои Вест-Индия қисман бо сафедпӯстон омезиш ёфта, урфу одат, боварҳои қадим ва фарҳангу ҳунари бостонии аҷдоди худро ҳифз кардаанд.