Зангӯла

Зангӯла, ноқус — унсури маъмул дар буъдҳо, маъбаду манораҳо, абзори садои зарбӣ, ашёи филиззии лӯлашакли ковок барои эҷоди садо дар маросимҳои мазҳабӣ ва дарборӣ.
Зангӯларо дар васати гунбад, манора ё бурҷи калисо аз дарун тарзе устувор мекунанд, ки бо ҷунбондани каманди ба он пайвастшуда ба ду тараф алвонҷ хӯрда, садои марғуладори баланд мебарорад. Зангӯла, маъмулан, аз биринҷӣ (хӯлаи мис), баъзан аз оҳан, чӯян, нуқра, санг ва шиша низ сохта мешавад. Ду навъ: забонадор ва безабона мешавад. Садо аз зангӯла тариқи зарба, ҳаракат ё такон додани қисмҳои он [дар зангӯлаҳои забонадор садо тавассути ҷунбондани кӯбак (забона)-и дохилӣ ва дар зангӯлаи безабона тариқи бо кӯбак (болға ё ғӯлачӯб) ба сатҳи берунии зангӯла зарба задан] ҳосил мегардад. Баландии садои зангӯла ба андоза, ғафсии бадана, таркиби хӯла ва маснуоти рехтагарӣ вобаста аст. Нахустин зангӯлаҳо дар Шарқ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба вуҷуд омадаанд (байзавӣ, чоргӯша ва ғ. буданд). Дар маросимҳои мазҳабӣ, махсусан масеҳӣ ва буддоӣ (зангӯла дар кишварҳои Шарқи Дур балоншакли безабона буданд) зангӯла аз қадим ҳамчун василаи даъват ба ибодат ва ифодаи лаҳзаҳои ботантанаи ибодат истифода мешавад. Қадимтарин зангӯлаи кашфшуда дар Чини Бостон сохта шудааст (асрҳои 23-17 то м). Дар кишварҳои масеҳинишини Аврупо истифодаи зангӯла дар асри 7 ривоҷ ёфт. Зангӯлаҳои аврупоӣ, маъмулан, лӯлашакл ва забонадоранд. Нахустин маъхазҳои хаттӣ оид ба зангӯла дар Руссия ба асри 11 тааллуқ доранд. Барои зангӯла зангӯлахонаҳои махсус бунёд мекарданд. Дар замонҳои қадим зангӯла ҳамчун сози размӣ низ истифода мешуд. Дар калисои православӣ зангӯла қисми таркибии ҳунарӣ маҳсуб мешавад. Ҳоло низ зангӯла байни мардуми минтақаҳои мухталиф ҳамчун тилисм ё абзори маросимӣ (шаман, синтоистон, буддоиҳо) хидмат мекунад. Дар ш. Душанбе зангӯлаи на он қадар калон дар калисои масеҳии назди доманакӯҳи шарқӣ насб гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зангӯла / Р. Муқимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Оловянишников Н. И. История колоколов и колокололитейное искусство. М., 2003.