Зандақа
Зандақа (ар. الزندقة) — дар фарҳанги исломӣ ба машраби фикрӣ ва андешаи иҷтимоие гуфта мешавад, ки ба даҳрия, санавият, монавия ва куфру илҳод эътиқод дорад.
Зандақа дар давраи Сосониён пайдо шуда, баъдтар бар тамоми касоне тааллуқ гирифтааст, ки дар ботин мункири паёмбарони илоҳӣ ва муътақид ба қидам (қадимият, азалият)-и олам будаанд. Ҷаъд ибни Дирҳам аввалин касе ба шумор меравад, ки дар замони Умавиён ба нашри андешаҳои зандақа пардохтааст. Дар ибтидои хилофати Аббосиён тамоюл ба зандақа ва илҳод дар сарзамини Ироқ, бахусус дар шаҳрҳои Басра ва Бағдод шиддат гирифт ва касоне чун Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, Башшор ибни Бурд, Ҳаммоди Аҷрад (фавт 778), Солеҳ ибни Абдулқуддус (фавт 777), Ибни Абулавҷо (фавт 772) ва Ибни Ровандӣ ба нашри ақоиди зиндиқӣ ва тарвиҷи шакку илҳод дар миёни мусулмонон мепардохтанд. Мутакаллимони машҳури зандақа Ибни Толут ва Нуъмони Номӣ устодони Ибни Ровандӣ буданд. Нашри андешаҳои зандақа барои ислом ва ҷомеаи мусулмонон хатар маънидод гардид. Халифаи аббосӣ Маҳдӣ барои таъқиб ва пешгирӣ аз ақоиди аҳли зандақа маъмуре бо номи «Соҳибуззанодиқа» таъйин кард; пас аз вай писараш Ҳодӣ ва баъзе халифаҳои баъдӣ низ онро идома доданд. Пайравони асили зандақа тан ба марг медоданду аз ақидаи худ барнамегаштанд. Онҳое, ки ба сабаби андешаҳои зандақа-и худ байни солҳои 775—792 мавриди таъқиби маъмурони халифаҳои аббосӣ Маҳдӣ ва Ҳодӣ қарор гирифтанд, аксаран монавӣ ва қоил ба азалияти ду асл — «нур» ва «зулмат» буданд, забҳи ҳайвоноти гӯшташон ҳалол ва хӯрдани гӯшти онҳоро ҳаром медонистанд. Пайравони зандақа пас аз ибтидои асри аббосӣ низ дар тарвиҷи андешаҳои худ миёни мусулмонон ба шиддат талош мекарданд. Афкори илҳодии онҳо дар даврони ташаккули мактабҳои каломӣ ба гуфтори доғ ва машғулияти фикрии мутакаллимони аҳли суннат, бахусус ашъариён ва мотуридиён табдил ёфта буданд. Гоҳе ба иттиҳоми илҳод ва зандақа баъзе шахсоне ҳам, ки зарофати табъ ва ба гунае машраби риндӣ дошта, ба суннатҳои динӣ ва аҳкоми шаръӣ чандон пойбанд набуданд, мавриди таъқиб қарор мегирифтанд.
Мубаллиғони зандақа ба сохтану нашри ривоятҳои бофта, ҳадисҳои қалбакӣ (ҷаълӣ) ва таън дар Қуръон пардохта, гоҳе, ки аз бими ҷон эмин будаанд, аз таъну таъриз ва гуфтани носазо бар паёмбар (с) ибо надоштанд. Андешаҳои монавӣ ва тафсирҳои таҳрифкоронаи онҳо аз матнҳои дини ислом муҷиби аз таълимоти исломӣ берун бурдани баъзе мусулмонон мегардиданд. Ба таври умум ҳаҷву носазо гуфтан дар шаъни паёмбар (с), инкори қиёмат ва тамасхур ба арзишҳои ислом аз мушаххасоти фикрӣ ва сабаби мавриди таъқиб қарор гирифтани аҳли зандақа будааст. Бинобар ин, аҳли зандақа назди ҷумҳури фақеҳони аҳли суннат мулҳид ва аз дин хориҷ дониста шуданд.
Дар замонҳои баъдӣ ҳар кӣ аз доираи таълимоти исломи расмӣ берун мерафт ё илҳоде мекард, аз аҳли зандақа хонда мешуд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зандақа / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.