Занде (мардум)
Занде | |
|---|---|
| Дин | масеҳият ва traditional African religion[d] |
Занде (азанде) — халқияти африқоӣ, ки аксарият дар шимолу шарқи Ҷумҳурии Демократии Конго, қисман дар ҷанубу ғарби Судон (500 ҳазор) ва ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (70 ҳазор) иқомат доранд.
Шумораи умумиашон зиёда аз 1,5 млн. Ба забони занде (пазанде) — гурӯҳи забонҳои убангии оилаи забонҳои адамава-убангӣ гуфтугӯ мекунанд. Аксарият насронӣ (протестант ва католик), боқимонда пайрави боварҳои қадими халқҳои африқоӣ мебошанд. Ташакулли халқияти занде аз асрҳои 18-19 дар ҳайати иттиҳоди қабилавии Азанде оғоз гардид. Машғулияти асосиашон кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор. Чорводорӣ бо сабаби мавҷудияти ҳашароти зараррасон чандон рушд накардааст: баъзе оилаҳои занде саги хонагӣ ва мурғ доранд. Дар байни занде ҳунарҳои косибӣ, аз ҷумла коркарди устухони фил (оҷ), кандакорӣ дар рӯи чӯб, сабадбофӣ, кулолӣ ва бофандагӣ ривоҷ доранд. Маҳалҳои иқоматии занде тарҳи муайян надоранд; девори хонаҳояшон андова ва нақшу нигори сурху сафеду сиёҳ дорад. Ҷамоаҳои авлодии занде дар ҳавлиҳои калон иқомат мекунанд. Дар байни занде то ҳол расму оини бисёрзанӣ (ҳар зан хонаи алоҳида дорад), пардохти маҳр ва ғ. вуҷуд дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занде // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.