Занди Воҳуман-ясн
Занди Воҳуман-ясн |
«Занди Воҳуман-ясн» (Тафсири Баҳман-Ясн) — яке аз осори динии адабиёти паҳлавист, ки дар он аз рӯи ошкор кардани асрори ғайбӣ, ҳаводиси ҷаҳон пешгӯӣ шудааст.
Муаллифаш маълум нест. Асли авестоӣ ва паҳлавии ин матн то замони мо нарасидааст. Аз он матни позандӣ ва ба форсӣ навишташуда дастрасанд. Ба шакли муколамаи Аҳура Маздо ва Зардушт сохта, тақрибан дар асрҳои 8-9 таълиф шудааст. Мавзӯи баҳси он поини ҷаҳон (охират) ва таъриху ҳолати онрӯзаи дини зардуштӣ (замони таълифи асар) мебошад. Мувофиқи маълумоти дар «Занди Воҳуман-ясн» омада, давраҳои дини зардуштия бад-ин қароранд: Давраи зарин — давраи Гуштосп, давраи дуввум — давраи зуҳури Зардушт — давраи симин (нуқрагин), давараи севвум — зуҳури Сосониён — биринҷӣ; давраи чаҳорум — давраи Шопури дуввуми Сосонӣ — рӯин; давраи панҷум — давраи Баҳроми Гӯр — арзизин; давраи шашум — давраи Хусрави Анӯшервон — давраи пӯлодин; давраи ҳафтум — давраи фармонравоии девони жӯлидамӯй — тухмаи хашм — давраи оҳани омехта (чӯян). Дар асар инчунин якчанд воқеаи иҷтимоии замони Сосониён, аз ҷумла шӯриши Маздак мухтасар ташреҳ ёфтаанд. «Занди Воҳуман-ясн» бо вуҷуди асари динӣ буданаш қиссаву ривоятҳои қадимии эрониро дар бар мегирад ва аз аҳаммияти адабӣ орӣ нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занди Воҳуман-ясн / М. Диловаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.