Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зандхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зандхон (форсӣ: زندخان) — сабк, шеваи бисёр муассири иҷроӣ дар анъанаи эҷодию иҷроии мусиқии бостонии тоҷикон ва дигар мардумони эронӣ.

Сабки хосси иҷроии таъсиргузору махмалинхонӣ дар санъати иҷроии замони Сосониён (224—651). Иҷрокунандагон барои ҷашну маросимҳои мардумию шоҳаншоҳӣ аз китоби «Занд» («Занд Авесто») порчаҳо интихоб намуда, онро мутобиқ ба сохтори шеъри хуниёӣ (рубобӣ) таҳия карда, месуруданд. Дар Ромишсаро (академияи шеъру мусиқӣ)-и замони Сосониён гурӯҳ ва дастаи хосси ҳирфаӣ бо номи «Зандхон» (зандвофон) фаъолият мекард, ки мақоми ҳунарии эшон дар назди шоҳ хеле боло ва ҳунарнамоии зандхон дар маросимҳои давлатӣ ҳатмӣ будааст. Дар маъхазҳои хаттии адабию мусиқӣ (манзумаҳои мусиқӣ) ин ҳунар фаровон тавсиф шудааст:

Булбули ширинзабон бар ҷузбуни ровӣ шавад,
Зандвоф(у) зандхон бар беди ин шоир шавад.

Бар бед андалеб занад Боғи шаҳрёр,
Бар сарв зандхон занад Тахти Ардашер.