Зандҳо
Зандҳо | |
|---|---|
| Сукунат | |
Зандҳо — қабила дар Эрон, ки аз тоифаи лаки шохаи лурҳои шимолӣ бархоста буданд.
Ба қавли баъзе олимон, зандҳо асолати курдӣ доранд. Асосгузорони сулолаи Зандия аз қабилаи зандҳо баромада буданд. Олими эроншинос Р. Фрай зандҳоро ба се шоха ҷудо кардааст: багла, ҳазора ва хароҷӣ. Аксари шахсиятҳои машҳури зандҳо аз шохаи багла бархоста буданд,. Минтақаи қадими сукунати зандҳо навоҳии шимоли Луристон буд. Зандҳо дар аҳди ҳукумати шоҳ Аббоси Сафавӣ дар атрофи Малоир маскун шуда, муқобили ҳуҷуми сипоҳи Туркияи усмонӣ мубориза мебурданд. Дар аҳди Нодиршоҳи Афшор (1736-47) зандҳо бо сабаби сарпечӣ аз итоати вай ба минтақаи дараи Гази Хуросон муҳоҷир карда шуданд. Шумораи зиёди зандҳо ҳангоми ҳуҷуми қабилаҳои туркман ба дараи Гази Хуросон кушта шуданд. Баъди фавти Нодиршоҳ қабилаи зандҳо ба маҳалли сукунати нахустини худ бозгаштанд. Дар аҳди Муҳаммадхони Коҷор (хукмронӣ 1779-97) зандҳо қисман ба Луристону Ироқ кӯчонида шудаанд. Баъд аз таназзули давлати Зандия зандҳо дар Шероз, Қум, Гармсер, Варомин, Хуросон, Малоир, Кирмон ва Хузистон маскун шуданд. Ҳоло қабилаи Ҳусайншоҳии зандҳо дар музофоти Кирмон; қабилаҳои Хоҷапур ва Хоҷадавонӣ дар Форс; қабилаҳои Муҳаммадсолеҳ, Тоҳирхон ва Алиёнхонӣ дар минтақаи Хонақин зиндагӣ мекунанд. Дар минтақаи Санандаҷ зандҳо ҳаёти кӯчманчӣ дошта, ба чорводорӣ ва зироаткорӣ машғуланд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зандҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.