Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занзибар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занзибар
Парчам
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Занзибар[d]
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Мавқеият Уқёнуси Ҳинд
Шумораи аҳолӣ
Баландӣ аз сатҳи баҳр 135 м
Масоҳат
  • 2 460 км²[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Занзибар (савоҳилӣ Funguvisiwa ya Zanzibar, англ. Zanzibar Archipelago) — галаҷазира дар уқёнуси Ҳинд, дар наздикии соҳили шарқии Африқо.

Дар ҳайати Танзания мухторият дорад. Масоҳати умумиаш 2654 км². Аҳолиаш 1,3 млн нафар (2016). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² — 431,2 нафар. Занзибар 75 ҷазира дорад. Ҷазираҳои бузургтаринаш — Унгуҷа ва Пемба. Нуқтаи баландтаринаш 135 м аз с. б. Занзибар ҷазираи паст (баландиаш то 120 м) буда, аз оҳаксангҳои марҷонӣ таркиб ёфтааст, атрофи онро рифҳо печондаанд. Иқлимаш экваторию муссонӣ, гарм ва намнок. Ҳарорати миёнаи январ тақр. 280С, июл — қариб 230С. Боришоти солона 1500—2000 мм. Набототаш аз буттазорҳо иборат аст. Майдони парвариш (плантатсия)-и дарахтони қаранфули гардан ва хурмо мавҷуданд.

Шаҳри калонтарин ва бандариаш — Занзибар (дар ҷазираи Унгуҷа). Стоунтаун (шаҳри сангин) қисми таърихии ҷазираи Занзибар буда, ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Аз соли 2005 Занзибар дирафш, парламент ва президенти худро дорад.