Заниш

Заниш — ҳодисае, ки дар натиҷаи ба ҳам омадан (ҷамъ шудан)-и ду (ё аз он зиёд) лаппиши даврии мувозӣ (мас., гармоники)-и наздикбасомад ба вуҷуд меояд.
Пайдоиши заниш натиҷаи тағйироти замонии фазаҳои байни ду лаппиши гуногунбасомад буда, ин лаппишҳо дар ягон лаҳзаи вақт ҳамфаза мешаванд ва пас аз фосилае дар фазаи муқобил воқеъ мегарданд, сипас боз ҳамфаза мешаванд ва ғ. Агар амплитудаи лаппишҳои ҷамъшавандаро бо А1 ва А2 ифода кунем, ҳангоми яксон будани фазаи лаппишҳо амплитудаи лаппиши натиҷавӣ қимати калонтарин (А1 + А2) ва ҳангоми фазаи муқобил доштани онҳо қимати хурдтарин (А1 — А2) мегирад.
Заниши садоро ҳангоми ҷӯр кардани сози мусиқӣ, мас., сози мусиқии торӣ бо камертон шунидан мумкин аст. Агар басомади тор аз басомади камертон каме тафовут дошта бошад, пас кас садоҳои алоҳидаи канда-кандаро мешунавад, ки ин заниш мебошад. Торро барои бо камертон ҷӯр кардан каме кашида ё суст мекунанд, то ки басомади заниш кам шавад. Ҳангоми мувофиқ омадани басомади садо бо басомади меъёрӣ (эталонӣ) заниш пурра гум мешавад.
Бо ёрии заниш фарқи хурдтарини басомадҳоро муайян кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳодисаи занишро дар радиотехника барои чен кардани басомад, ғунҷоиш, индуктивият ва ғ. истифода карда, тарзи гетеродини тағйирдиҳии басомад (гетеродинӣ)-ро «усули заниш» меноманд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заниш / С. Табаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Пейн Г. Физика колебаний и волн. М.1979.