Зантоксилум
Намуди зоҳирӣ
| Зантоксилум | ||
|---|---|---|
| | ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Зардчӯбҳо, зантоксилум (лот. Zanthoxylum) — номи сардае аз зерхонаводаи пуртуқолпечиён (Toddalioideae).
Зантоксилум дар минтақаҳои муътадили ҷаҳон мерӯянд. Зантоксилумҳо ду гунаанд: хазонрез ва ҳамешасабз. Гул ва самарашон сабзтоби хурд; тухмашон сиёҳи ҷилодор, дар ғилофаки дупалла ҷойгиранд. Зантоксилуми амрикоӣ (Z. americanum) намуди хеле маъмул буда, дар минтақаҳои шимолӣ (мас., ш. Квебеки Канада) мерӯяд. Намуди дигари зантоксилум — Z. clava-herculis, ки бо номи зантоксилуми Ҳеракл, шумтоли баҳрӣ ё дарахти филфил низ маъруф аст, парвариш карда мешавад. Дар саноат аз чӯби зантоксилуми зард (Z. flavum) мебел месозанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зантоксилум // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.