Занҷабилиҳо
| Занҷабилиҳо | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Альпиния пурпурная (Alpinia purpurata) | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Занҷабилиҳо |
||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||||
|
||||||||||||
| Зерхонавода | ||||||||||||
| ||||||||||||
Занҷабилиҳо (лот. Zingiberaceae) — оилаи рустаниҳои якпалла.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Решаашон лӯндашакл буда, бо баргҳои пулакчамонанд пӯшида шудаанд. Аз ғилофаки баргҳои дуқатора ҷойгирифтаи занҷабилиҳо поямонандҳои дарунашон холӣ месабзанд, ки дарозиашон 2-3(10) м аст. Гулашон дуҷинса, хушбӯй ва равшан; ҳамагӣ чанд соат шукуфта. шомгоҳон пажмурда мешавад. Гинетсей аз 3 мевабарги часпида ташаккул ёфтааст. Самарашон ғӯза ё ғуҷуммева.
Дар дунё 50 ҷинс ва беш аз 1000 намуди занҷабилиҳо маълум буда, дар бешазорҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Африқо ва қисман минтақаҳои тропикии Амрико паҳн шудаанд. Дар таркиби узвҳои нашвӣ ва тухми ҳамаи намудҳои занҷабилиҳо равғани эфир мавҷуд аст. Занҷабилиҳоро бештар чун адвиёт (занҷабил, ҳил, зардчӯба), маводди ғизоӣ, шифобахш ва ороишӣ истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Angiosperm Phylogeny Group An update of the Angiosperm Phylogeny Group classification for the orders and families of flowering plants: APG III (ингл.) // Botanical Journal of the Linnean Society / M. F. Fay — Wiley-Blackwell, Linnean Society of London, OUP, 2009. — Vol. 161, Iss. 2. — P. 105–121. — ISSN 0024-4074; 1095-8339 — doi:10.1111/J.1095-8339.2009.00996.X
- ↑ Appendix IIB: Conserved and rejected names of families of bryophytes and spermatophytes // International Code of Nomenclature for algae, fungi, and plants (Shenzhen Code) / зери таҳрири N. Turland, J. H. Wiersema, F. Barrie, W. Greuter, D. L. Hawksworth, P. S. Herendeen, S. Knapp, W. Kusber, D. Z. Li, K. Marhold ва дигарон — 2018. — ISBN 978-3-946583-16-5
- ↑ Reveal System of Classification — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занҷабилиҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.