Занҷира
«Занҷира» — як навъи нақш дар санъати ороиши амалӣ, ки шаклҳои ҳамгун ё гуногуни ороишию ҳандасаиро дар бар мегирад.
«занҷира» шабеҳи нақши «ҳошия» буда, дар меъморӣ, наққошӣ, гачкорию наҷҷорӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ ва ғ. истифода мешавад. Дар гузашта нақши «занҷира» хеле маъмул буда, аз асри 19 дар тамоми ҳунарҳои мардумии тоҷикон вомехӯрад. Дар заргарӣ гулӯбанд, гӯшвораву бозубандҳо ва дигар маснуоти ороишӣ, дар мисгарӣ олоти рӯзгор (лаълӣ, офтоба, кӯза, дастшӯй, чойҷӯш, чилим, гулдон, ҷом, қаламдон ва ғ.)-ро бо нақши «занҷира» оро медиҳанд. Дар кашидадӯзӣ барои ороиши борпӯш, сӯзанӣ, зардеворӣ, оинахалта, ҷойнамоз, чойхалта ва ғ. нусхаҳои мухталифи «занҷира» истифода мешаванд. Нақши «занҷира» дар дуредгарӣ усули маъмули ороишӣ аст. «занҷира» бештар дар санъати меъморӣ маъмул аст. «Морак» («морпеч»), «мораки мудаввар», «якзанҷира», «занҷира-и дуқатора», «майдазанҷираи қӯшадор» («дуқӯша»), «лӯл», «ҷавак», «ҷаваки марғуладор», «чорғӯза», «чорғӯзаи марғуладор», «сардарканори дутоӣ», «сардарканори сетоӣ», «паргор» ва ғ. аз намудҳои маъмули «занҷира» мебошанд. Нусхаҳои мухталифи нақши «занҷира»-ро дар ороиши маҳсулоти кулолии давраҳои пеш аз м. (Саразм) ва давраҳои баъдӣ (водиҳои Рашту Ҳисор) мушоҳида кардан мумкин аст. Дар санъати меъмории ш-ҳои Марв, Балх, Истаравшан, Ҳисор, Ҳулбук, Бухоро, Самарқанд ва шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна нақши «занҷира» бо сабкҳои муассири тасвирӣ истифода шудааст. Дар ороиши дару дарвоза, тоқу пештоқҳо, болори хонаҳои иқоматӣ, масҷиду мадрасаҳо бештар нақши «занҷира-и мораки мудаввар» истифода мешуд, ки онро дар наққошиҳои масҷиду мадрасаҳои Чорманор (Бухоро), Шердор, Тилокорӣ, Улуғбек, Бибихонум (Самарқанд) ва дигар осори меъморию ҳунарӣ дидан мумкин аст. Нусхаҳои нақши «занҷира-и морак» бештар дар ҳунарҳои кулолӣ (асрҳои 10-12), мисгарию кандакорӣ (асрҳои 19-20) истифода мешуданд. Нақши «якзанҷира» намуди содаи секунҷа буда, бештар дар гачкорию сангтарошӣ маъмул аст. «занҷира-и дуқатора» ё «қӯшазанҷираи мусалсал» ду нақши «якзанҷира»-ро дар бар мегирад. «Майдазанҷираи қӯшадор», ки, маъмулан, 2-3 ҳошия дошта, аз хатҳои каҷу рост иборат аст, бештар дар гачкорию гилкорӣ кор фармуда мешавад. Нақши «занҷира-и лӯл» шакли нимдоираро дошта, дар кандакорию мисгарӣ ва гулдӯзӣ истифода мегардад. «Ҷавак» ва «ҷаваки марғуладор» нақши секунҷа буда, андаруни секунҷаҳо ситораҳо сабт шудаанд, ки гӯшаҳояшон ба сараки ҷав монанд аст. «занҷира-и чорғӯза» («чорлинга») аз чоргӯшаҳо ва чорғӯзаи марғуладор аз нусхаи чорхонадор таркиб ёфтаанд. Навъҳои қадимии нақши «сардарканори дутоӣ» ва «сардарканори сетоӣ» аз хатҳои шикастаю рости ба ҳам пайваст иборат буда, дар осори ҳунарии асрҳои 12-19 фаровон истифода шудаанд. Нақшҳои «паргорӣ» (аз нимдоира баровардани теғаҳо), «паргории нешбанеш» (теғаҳояш муқобили ҳам), «ироқии калон» ва «ироқии майда» низ аз намудҳои устувори нақши «занҷира» мебошанд. Намунаҳои беҳтарини «занҷира» дар осори меъмории давраи Сомониён (асри 10) ва асрҳои 15-19-и Бухорову Самарқанд, водии Зарафшон (меҳроби масҷиди деҳаи Қум) инъикос ёфтаанд. Дар осори меъморию ороишии асри 20 низ аз нақши «занҷира» фаровон истифода шудааст. Ҳоло дар наққошиҳо ва кандакориҳои чойхонаву масҷидҳо ва осори дигари меъмориву ҳунарии ш-ҳои Душанбе (Кохи Наврӯз), Данғара (Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр»), Хуҷанду Панҷакент, Кӯлобу Бохтар, Хоруғ (Чойхонаи миллӣ), Истаравшану Исфара ва ғ. нақши «занҷира» ба назар мерасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занҷира / Р. Раҳмонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Юлдошев Х. А. Архитектурный орнамент Северного Таджикистана. М., 1957;
- Писарчик А. К. Народная архитектура Самарканда. Д., 1975;
- Рузиев М. А. Искусство таджикской резбы по дереву. Д., 1976;
- Хакимов А. А. Современное декоративное искусство республик Средней Азии (К проблеме традиции и новаторства). Ташкент, 1988.