Занҷири дар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Занҷири Дар)
Занҷири Дар

Занҷири дар — ҷузви дару дарвоза, силсилае, ки аз ҳалқаҳои филиззии бо ҳам пайваст иборат аст. Занҷири дар, ки аз 3 то 4–5 ҳалқа дошт, дар берун ва даруни дар насб мегардид ва маъмулан ду вазифаро адо мекард: яке барои бастани дар (аз дарун ё берун) ва дигаре ба хотири огоҳ кардани соҳибони хонавода аз ташрифи касе. Чун Занҷири дарро ба тахтачӯби дар мезаданд, он садои зангӯламонанде мебаровард ва соҳибхона аз омадани шахси бегона ё худӣ огоҳ шуда, дарро мекушод.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]