Занҷири магнитӣ
Занҷири магнитӣ — пайдарпайии магнетикҳои дар фазо ҷойгиршуда, ки аз онҳо сели магнитии муайян мегузарад.
Дар техника занҷири магнитӣ ҳам маҷмӯи таҷҳизот (ҷузъи мошину асбобу дастгоҳҳои барқӣ), ки аз ҷисмҳои ферро- ва ферримагнетикҳо иборат аст (занҷири магнитии сарбаста ба сели магнитӣ самти матлуб медиҳад) ва ҳам занҷири магнитие мебошад, ки ғайр аз ферро- ва ферримагнетикҳо диамагнетикҳо (мас., фосилаҳои ҳавоӣ) дорад. Занҷиреро, ки дар он сели магнитиро магнитҳои доимӣ меангезанд, занҷири магнитии қутбишуда (поляризатсияшуда) меноманд. Занҷири магнитиеро, ки магнитҳои доимӣ надорад ва дар он сели магнитӣ бо ҷараён ангехта шавад, занҷири магнитии нейтралӣ (хунсо) меноманд. Вобаста ба хусусияти ҷараёни ангезиш занҷири магнитии сели магнитии доимӣ, тағйирёбанда ва импулсиро фарқ мекунанд. Бинобар шартан ба ҳам монанд будани занҷири электрӣ ва занҷири магнитӣ нисбат ба онҳо ифодаҳои математикии умумиро ба кор бурдан мумкин аст. Мас., барои занҷири магнитӣ қонуни монанд ба қонуни Ом истифода мешавад: F = ФRm, ки ин ҷо Ф — сели магнитӣ, Rm — муқовимати магнитӣ, F — қувваи магниттеладиҳанда мебошад. Нисбат ба занҷири магнитӣ қоидаҳои Кирхгофро низ татбиқ кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин занҷири магнитӣ аз занҷири электрӣ куллан фарқ мекунад: дар занҷири магнитии бо мурури замон сели магнитиаш тағйирнаёбанда Ф гармои ҷоулӣ ҷудо намешавад, яъне энергияи электромагнитӣ пароканда намешавад. Мафҳуми занҷири магнитӣ дар ҳисобу китоби магнитҳои доимӣ, электромагнитҳо, реле, тақвиятдиҳандаҳои магнитӣ, асбобҳои андозагирии электрӣ ва ғ. истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занҷири магнитӣ / Ш. Тӯйчиев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.